Дар Покистон наврасе, ки ба «куфр» муттаҳам шуда буд, дасти худро кӯтоҳ кард19-01-2016, 09:30
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Имоми покистоние, ки яке аз шогирдонаш дасташро бо табар зада кӯтоҳ кард, боздошта шуд. Чуноне, ки пулиси маҳаллӣ иттилоъ дод, ин шогирд баъд аз суоли он, ки «Кадоме аз шумо Паямбар Муҳаммадро дӯст намедорад?» иштибоҳан дасти худро боло бардоштааст.
Имом шогирдашро баъд аз ин таҳти тавҳину маломати сангин қарор дод ва субҳи дигар ин наврас ба синф бе дасти худ (ҳамоне, ки бардошта буд) баргашт. Тибқи хабари матбуоти маҳаллӣ, навраси 15-сола дасти худро рӯйи табақ ба назди имом овардааст. Баъдан навори видеоие пайдо шуд, ки дар он волидайни наврас мегӯянд, ки «аз ин амали писарашон фахр доранд». Сокинони деҳае, ки писарбача дар он ба сар мебарад, акнун назди ӯ омада, қисми боқимондаи дасти ӯро мебӯсанд. Имом бо ҷурми таҳрик додан ба содир намудани амале, ки ба ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ овардааст, боздошта шуд. - Барои чунин имомони бесавод маъвиза кардан мумкин нест. Боздошти ӯ тибқи чорчӯбаи нақшаи умумимиллии муқовимат алайҳи хушунат сурат гирифтааст. Чунин маъвизаҳову даъватҳо дар кишвар акнун мамнӯъ ҳастанд,-иброз дошт намояндаи пулис дар суҳбат бо ВАО-и маҳаллӣ. ©Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.