Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Конфронси илмӣ: “Тоҷикон дар оинаи таърих”

Конфронси илмӣ: “Тоҷикон дар оинаи таърих”

11-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Конфронси илмӣ: “Тоҷикон дар оинаи таърих”Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Коференсияи илмӣ оид ба китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” баргузор гардид.

Дар кори он устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ислом Раҳимов, мудири шӯъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар вилоят Ҳоҷиев Фирдавс, Нуруллоева С.Н. муовини раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, аъзои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои шӯрои занон ва ҷавонони КИ ва аъзои фаъоли ҳизб иштирок намуданд. Конференсияро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Қосимова К.М. оғоз намуда, дар бораи мақсаду мароми конференсия сухан гуфт.

Мудири шӯъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар вилоят Ҳоҷиев Фирдавс оиди гузаронидани аксияи омӯзиши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар ҳудуди вилоят ва чораҳои андешидашуда, барои ба мақсади аксия расидан аз тарафи КИВ баромад намуд. Дар баромад қайд гардид, ки бе донистани таърихи гузашта, ояндаи худро тарҳрезӣ намудан амри маҳол аст, бинобар ин вазифаи мо ба китобхонӣ одат кунонидани насли ҷавон аст.

Пас сухан ба таърихшинос, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ислом Раҳимов дода шуд. Раҳимов И муфассал дар бораи чор қисми китоб, дар бораи ба кадом давраҳо бахшида шудани қисматҳои китоб, мубориза бо истилои араб дар Осиёи Миёна, давраи Ҳахоманишинҳо, нуфузи давлатдорию тамаддуни Эллинӣ, дар бораи шахсиятҳои бузург ва хизматҳои арзандаи онҳо барои давлату миллат ба мисли Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, ҷуғрофидони тоҷик Ибнихуддорбеҳ ва Салмони Форсӣ - пири мӯйсаргирон, ки аввалин маротиба мӯйи сари Муҳаммадпайғамбарро қайчӣ задааст ва дар ин бора дар китоб гуфта шудааст, сухан ронд.

Баъд аз он риштаи сухан ба раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки Консой, раиси ҷамоати Консой Халилова М.Р дода шуд. Дар баромади худ ӯ қайд кард, ки навишта шудани ин китоб худ як инқилобест дар соҳаи таърихшиносӣ мебошад, ки барои таълифи ин китоб 281 адабиётҳо ва мақолаҳои олимони бузург истифода шудааст.

Пас Воситова С. аъзои шӯрои занон ва аъзои фаъоли ҳизб баромад намуда, дар бораи маънидод шудани калимаи “Тоҷик”дар китоб, дар бораи сулҳпарвару сулҳхоҳ будани миллати тоҷик ва гуфтаҳои А.Рӯдакӣ ва М.Турсунзода дар бораи дӯстӣ, ки дар асар оварда шудааст, сухан кард. Ӯ қайд намуд, ки дар китоб қайд гардидааст, ки дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда ва сарбаланд зиндагӣ карда метавонем, ки истиқлолияти ҷумҳурӣ ва шарафи миллати худро ҳифз намоем, анъанаҳои неки башардӯстонаи аҷдодамонро идома диҳем ва ба ин кор ҳамаро даъват намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: