Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » "Медведев оиди таҳримҳои нав: "Зидди Русия ҷанги тиҷорӣ эълом шудааст"

"Медведев оиди таҳримҳои нав: "Зидди Русия ҷанги тиҷорӣ эълом шудааст"

3-08-2017, 10:04
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
"Медведев оиди таҳримҳои нав: "Зидди Русия ҷанги тиҷорӣ эълом шудааст"
Раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев гуфт, баъди эълони таҳримҳои нави ИМА умедҳои Кремл барои беҳбуди муносибатҳо бо маъмурияти кунунии Амрико ба поён расиданд.
"Зидди Русия ҷанги тиҷории комил эълом шудааст", - изҳор дошт Медведев 2 август. Ба гуфтаи ӯ, ин таҳримҳо даҳсолаҳо идома хоҳанд кард, зеро "хусусияти фарогир" дошта, президенти ИМА наметавонад, онҳоро бе розигии Конгресс лағв кунад.

Ба назари Медведев, муносибатҳои Вашингтону Москва новобаста аз ҳайати Конгресс ва шахсияти президенти ИМА бадтар хоҳанд шуд. Раиси ҳукумати Русия афзуд, ки талошҳои кишвараш барои рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоъ идома хоҳанд ёфт. "Мо аз уҳдааш мебароем", - афзуд ӯ.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков пештар гуфт, ки эъломи таҳримҳои нави ИМА "дар асл чизеро тағйир намедиҳанд". Ӯ дар мавриди он ки Кремл зидди Амрико чораҳои ҷавобие хоҳад андешид ё не, афзуд, ки "ин гуна чораҳо аллакай андешида шудаанд".

Президенти ИМА Доналд Трамп 2 август бо имзои қонуне зидди Русия таҳримҳои нав эълом кард. Ин лоиҳаи қонунро пештар Сенати Амрико ба тасвиб расонда буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: