Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Путин: "Русия мехоҳад, муносибатҳояшро бо ИМА барқарор кунад"

Путин: "Русия мехоҳад, муносибатҳояшро бо ИМА барқарор кунад"

10-11-2016, 12:27
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Путин: "Русия мехоҳад, муносибатҳояшро бо ИМА барқарор кунад"

Президент Владимир Путин гуфтааст, ки "Русия мехоҳад, то муносибатҳои ҳамаҷонибаи худро бо ИМА дубора барқарор кунад". Ба гуфтаи Путин, ҳарчанд ин "роҳи соддае" нест, вале Кремл омодааст, ки ҳиссаи худро тай кунад.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия зикр кардааст, ки Владимир Путин қасд надорад, бо Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА пеш аз расман ба кор шуруъ карданаш, дидор ва гуфтугӯ кунад.

Бар пояи натиҷаҳои интихоботи ИМА, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп беш аз 270 раъйи интихобкунандагонро соҳиб ва президенти 45-уми Амрико интихоб шуд. Вакилони Думаи давлатии Русия хабари пирӯзии ӯро бо кафкубӣ истиқбол карданд.

Трамп баъди эълони пирӯзиаш дар суҳбат бо интихобкунандагонаш гуфт, манфиатҳои ИМА барои ӯ аз ҳама чӣ боло аст, вале бо кишварҳои дигар муносибати одилона хоҳад дошт.

"Мо созишро меҷӯем, на душманиро. Шарикиро мехоҳем, на низоъро", - афзудааст вай.

Саидраҳмон Каримӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: