
Русия аз лоиҳаи қонуни ИМА, ки эълони таҳримҳои навро зидди Москва пешбинӣ ва раванди коҳиши ин гуна чораҳоро барои президенти Амрико Доналд Трамп мушкил мекунад, интиқод кард.
Иттиҳоди Аврупо (АИ) низ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, агар ин қонун амнияти энергетикии ИА-ро халалдор кунад, омодааст, даст ба иқдомҳои фаврӣ бизанад.
Муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков гуфт, раъйгирии Палатаи намояндагон қадаме барои ба ҳам задани дурнамои беҳбуди муносибатҳои Москва ва Вашингтон аст. "Мо борҳо гуфта будем, ки ин амалҳо бе ҷавоб нахоҳанд монд", - афзуд Рябков, ки масъули равобит бо ИМА дар ВКХ Русия аст.
Қонуни нави ИМА, ки эълони таҳримҳои навро зидди Эрон ва Куриёи Шимолӣ низ пешбинӣ мекунад, 25 июл дар Палатаи намояндагони Амрико якдилона тасвиб шуд.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, "хабари қабули лоиҳаи қонун аз нигоҳи муносибатҳои Москваву Вашингтон ва дурнамои рушди онҳо хеле ғамангез аст".