Мулоқоти Сарфароз Фаттоҳзода бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ2-08-2017, 09:39
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Панҷакент ва мулоқот бо раисони ташкилотҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода бо сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент қарор дошт. Мулоқоти раиси кумиҷроияи вилоятӣ бо фаъолони ҳизби шаҳри Панҷакент дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид. Мулоқотро раиси шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои кумиҷроияи вилоятӣ Шафеиён Ислом Зиёзода ифтитоҳ бахшид. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода оид ба фаъолияти назарраси ҲХДТ, иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми ҳизбиёни вилоят дар амалӣ намудани талаботи Оиннома ва барномаи ҲХДТ муфассал сухаронӣ намуд. Дар идомаи суханронӣ оид ба вусъат додани корҳои бунёдкорию созандагӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои фархундаи соли 2017, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, бегонапарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу ваҳдат, афзоиши аъзоёни ҳизб аз ҳисоби фаъолони касбу кори гунонун, саривақт иҷро намудани нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ташкили мактаби захираи кадрҳои ҷавон сухан рафт. Дар мулоқот П. Шодизода- муовини раиси шаҳр, С. Шодиев –мудири бахш оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи шаҳр, Қ. Шарофзода- мудири шуъбаи маориф ва Б. Лутфуллоев- мудири шуъбаи тарғибот ва иттилоот оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ андешаҳои худро иброз намуданд. Дар ҷамъбасти мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода барои фаъолияти назарраси корӣ дар ободонии шаҳр, саҳми назаррас дар амалӣ намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ Раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзодаро бо медали ҷашнии «20-солагии ҲХДТ» қадрдонӣ намуд. Дар охир раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент М. Шукурзода ба раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода барои суҳбати пурмуҳтаво ва дастурҳои муфид оид ба пешрафти кори ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ изҳори сипос намуда, раиси кумиҷроияи вилоятиро бовар кунонид, ки ҳизбиёни шаҳру деҳоти Панҷакент минбаъд низ баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи ҲХДТ, нуфуз ва эътибори он дар ҷомеа корбарӣ намуда, дастуру супоришҳои ҳизбиро саривақт иҷро хоҳанд кард. Мулоқоти Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳо идома дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.