Рӯзҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ11-07-2017, 10:08
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶАКЕНТ. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо мақсади аз наздик шиносоӣ намудан бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва мулоқот бо аъзоёни ҳизб, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар асоси дастурҳои Конференсияҳои 12 вилоятӣ ва 19 шаҳрӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоатҳои деҳоти Фароб, Моғиён, Шинг, ташкилотҳои ҳизбии Ҳақиқат, Ғелониён, О. Муминова ва Геологҳо Рӯзҳои ҳизбӣ баргузор гардиданд. Дар мулоқотҳо доир ба мавзӯҳои муҳими рӯз, дар амал татбиқ намудани талаботи Оиннома ва барномаи ҲХДТ, ҳадафҳои созандаи ҳизб, санаҳои фархундаи соли 2017- 20 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, 25 солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешгирии ифротгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, никоҳи хешу таборӣ ва хушунату зӯроварӣ дар оила андешаронӣ карда шуд. Дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо ҳуҷҷатҳои коргузорӣ шиносоӣ намуда, баҳри пешрафти кор ва саривақт иҷро намудани нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ дастурҳо дода шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.