Ҳизбиёни вилояти Суғд дар сохтмони як хонаи истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиии деҳаи Амондара саҳм мегузоранд2-08-2017, 09:18
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶАКЕНТ. Дар шаҳри Панҷакент мулоқоти раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода бо раисони ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ баргузор гардид. Дар суханронӣ раиси кумитаи иҷроияи вилоятӣ С. Фаттоҳзода қайд намуданд, ки ҳизбиёни вилоят нисбат ба тақдири зарардидагони офати табиии деҳаи Амондара, ки санаи 26 майи соли равон рӯй дод, бетараф нестанд. Бинобар он иқдом гирифтанд, ки дар сохтмони як хонаи истиқоматӣ саҳми назарраси худро мегузоранд. Аз ин рӯ ба суратҳисоби зарардидагони офати табиӣ аз тарафи ҳизбиёни вилояти Суғд 50 000 сомонӣ маблағ гузаронида мешавад. Ин таклиф аз ҷониби аъзоёни ҳизб ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Дар маҷлис раиси Ҷамоати деҳоти Амондара Қаҳҳоров Р. аз кӯмаку дастгириҳои ҳамешагии аъзоёни ҲХДТ дар лаҳзаҳои вазнин ёдоварӣ намуда, барои чунин иқдоми нек минатдории сокинони деҳаи Амондараро баён намуд. Дар назди ҳозирин аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба шаҳрванди деҳаи Амондара Маллахонов Бобохон барои ҳушёрӣ, пешгирӣ намудани оқибати вазнини офати табиӣ ва саҳми назаррас гузоштан дар огоҳ намудани мардум то омадани сел бо тӯҳфаи хотирмон – гилем қадрдонӣ карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.