
Пайкараи тилокории президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзовро, ки дар маркази шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар қомат афрохта буд, канданд.
Атрофи ин муҷассама, ки соли 2000 дар кӯчаи Махдумқулии Ишқобод, дар рӯ ба рӯи бинои Вазорати умури дохилӣ насб гашта буд, чанд моҳ пеш девор гирифта шуд.
Мақомоти Туркманистон дар бораи нақшаи кандани муҷассамаи президенти пешини ин кишвар расман хабар надоданд ва сабабҳои ин иқдом низ шарҳ дода намешавад.
Расонаҳои расмии Туркманистон ҳам дар ин бора хабаре нашр накардаанд ва мақомот низ намегӯянд, ки бо пайкараи президенти пешини худ чӣ хоҳанд кард.
Сафармурод Ниёзов аз соли 1985 то 2006 Туркманистонро раҳбарӣ мекард ва тайи ин солҳо дар саросари он кишвар садҳо ҳайкал ва нимпайкараи ӯ гузошта шудааст.
Бузургтарин пайкараи зарандуди Ниёзовро, ки соли 1998 дар майдони марказии шаҳри Ишқобод насб шуда буд, соли 2011 канда, ба макони дигар интиқол доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, барои интиқоли пайкараи тилоии Ниёзов ба макони дигар аз буҷаи давлат 50 миллион доллар харҷ шудааст.