Дастгирии лаёқатмандон – аъзои «Созандагони Ватан»24-07-2017, 09:16
Хабарро хонданд: 311 нафар
Назарҳо: 0
Ташаббусу талошҳои пайвастаи Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагон Ватан» дар ноҳияи Деваштич буд, ки бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия боз як иқдом барои аъзо ва ҷонибдорони НТҶҶ «Созандагони Ватан» роҳандозӣ гардид. Барои дарёфти толибилмоне, ки рафтори намунавию хониши хубу аъло дошта, дар корҳои ҷамъиятиву мактабӣ ва беруназсинфӣ фаъолона ширкат меварзанд ва ҳавасманд гардонидану дастгирӣ кардани ҷавонону наврасони лаёкатманди муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва касбии техникии ноҳия, дар қатори идрори Президентӣ, вилоятиву ноҳиявӣ идрори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия низ таъсис дода шуд ва бори аввал дар Гимназияи №1-и ноҳия озмун барои дарёфти барандаи идрори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Чунин ташаббуси НТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Деваштич барои шинохтан ва қадр намудани ҷавонони лаёқатманду ватандӯст амалӣ мешавад, ки ҳадафи он низ дастгирии чунин наврасону ҷавонҳост. Ин иқдом барои ҳавасманд намудани маҳсули донишандӯзии ҷавонон буда, бахшида ба Соли ҷавонон, 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солҷашни Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шӯрои Олӣ амалӣ мегардад ва идомаи ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон мебошад. Мувофиқи низомнома барои аъзо ва ҷонибдорони НТҶҶ «Созандагони Ватан» 10-идрор ҷудо гардидааст. Дар натиҷаи он аз байни 35-нафар довталабон аъзои комиссия муайян намуданд, ки 10-нафар сазовори гирандаи идрори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия гаштанд. Сарвар Саидов – роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.