Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Иштироки беш аз даҳ кишвари ҷаҳон дар намоишгоҳи «Тоҷикистон-2017»

Иштироки беш аз даҳ кишвари ҷаҳон дар намоишгоҳи «Тоҷикистон-2017»

20-07-2017, 14:30
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки беш аз даҳ кишвари ҷаҳон дар намоишгоҳи «Тоҷикистон-2017»

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз даҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Россия, Чин, Эрон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Беларус, Полша ва Амороти Муттаҳидаи Араб молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳ- ярмаркаи байналмилалии универсилалии «Тоҷикистон -2017» /TAJIKISTAN-2017/, ки аз 27 то 29 июли соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мегардад, ба намоиш мегузоранд. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошад.

Рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар заминаи ташкили корхонаҳои муштарак, воридоти техникаю таҷҳизоти муосир ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, инчунин табодули таҷриба аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» аст.

Интизор меравад, ки корхонаю ширкатҳои тавлидотии беш аз даҳ кишвари ҷаҳон молҳои саноатии худро дар намоишгоҳ, ки аз бахшҳои саноати энергетика, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нақлиёт, логистика, маҳсулоти нафтӣ, саноати кӯҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бастабандӣ, хӯрока, дорусозӣ, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ иборат аст, ба намоиш гузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: