Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Молҳои асли чинӣ дар Душанбе

Молҳои асли чинӣ дар Душанбе

28-05-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 329 нафар
Назарҳо: 0
Молҳои асли чинӣ дар Душанбе
Намоишгоҳ бозор нест, ҷои интихоб аст

Аз Намоишгоҳи тиҷоратию сармоягузории ноҳияи мухтори Нинсяи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе ду бардошти муҳим буд.

Яке ин ки бори дигар дақиқ бовар кардам: намоишгоҳи ҳақиқӣ аз бозор ва фурӯшгоҳ фарқ дорад. Дигар, созмондиҳандагони намоишгоҳҳо дар Тоҷикистон шояд зери таъсири фарҳанги ривоҷёфта дар миёни ширкатҳо ва соҳибкорони чинӣ ин тадбири муҳимро ин бор ба бозор табдил надоданд.

Намоишгоҳ дар доираи барномаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати мардумии ноҳияи мухтори Нинсяи Чин тайи се рӯз (26-28 май) доир шуд, ки дар он беш аз 50 ширкат ва корхонаҳои саноатии ин минтақаи Чин маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Дар ҳошияи он инчунин форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чин ҳам баргузор шуда, масоили марбут ба рушди ҳамкорҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷаворро баррасӣ кард.

Макомоти тиҷоратии Тоҷикистон ҳадафи ин намоишгоҳро ҷалби сармояҳои мустақим, фароҳам кардани заминаи ҳамкорӣ ҷиҳати ворид кардани технологияи нав, таъсиси корхонаҳои муштарак, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ, тавсиаи робитаҳои кории соҳибкорони ду кишвар медонанд.

Тавре Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар форуми соҳибкорон қайд кард: - Дар муддати 24 соли робита бо Чин заминаи устувори қарордодию ҳуқуқӣ ва муносибатҳои мутақобилан судманд фароҳам шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат беш аз 200 тавофуқнома дар сатҳҳои гуногуни ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳо ба имзо расидааст.

Ӯ инчунин таъкид кард: - Ҳоло соҳаеро ёфтан душвор аст, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамкорӣ надошта бошанд. Ба таври назаррас корхонаҳои муштарак ташкил шуда, муҳимтар аз он сармояи ин кишвар ба бозори мо бо дилпурӣ ворид шуда. Чунин вазъият гувоҳи он аст, ки дар амал кадом монеае барои иштироки муштарак дар иҷрои тарҳҳои барои ҳар ду тараф судманд вуҷуд надорад.

Дар ин форум тавзеҳ шуд, ки мизони гардиши мол байни ду кишвар рӯ ба афзоиш буда, дар соли гузашта 792, 9 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ин 29 миллион доллар содирот аз Тоҷикистон ба Чин буда, 763,8 миллион доллар воридоти он кишвар ба Тоҷикистон аст. Ба ҳисоби дигар ин нишондод нисбат ба натиҷаҳои соли 2014 ба андозаи 103 дарсад бештар мебошад.

Аммо дар идомаи баёни бардоште, ки аз боздиди намоишгоҳ доштам, метавон афзуд, ки дар муддати се рӯз маҳсулоти асли ширкатҳои ҳақиқӣ аз ин музофоти Чин ба намоиш гузошта шуд.

Чизи дигар ин буд, ки то замони кушоиш ҳам дари толори намоишгоҳ боз буд ва онҳое, ки ба ҷое саросема буданд, имкони даромадану боздид карданро доштанд. Ин навигарӣ боис гардид, ки мардум тамба-тела накарда, оромона ва бе саросемагӣ тамоми бахшҳои намоишгоҳро бубинанд. Дар ин ҳолат фарҳанги тамошо ва боздид ҳам риоят шуду ҳам меҳмонони чинӣ, ки паҳлӯи колоҳои овардаашон меистоданд, бо муштариён хуш муносибат мекарданд. Мо дидем, ки намунаҳои маҳсулоти арзашуда ҳарчанд гарон ба назар мерасид, вале харидор дошт.

Агар масъулони баргузории намоишгоҳ аз Палатаи савдо ва тиҷорат дар оянда ҳам ба чунин шакл барномаҳои худро иҷро кунанд, аҳамияти чорабиниҳояшон бештар хоҳад шуду кам не.

Дар чандин намоишгоҳҳои дигар, ки бо яке аз кишварҳои шарик баргузор гардиду мо дидем, тарзи ташкил ба тамом фарқ мекард. Зеро бо даъвати чанд тоҷири ҳамон кишвар аз марказҳои савдои воқеъ дар Душанбе, аз ҷумла аз «Садбарг» гӯшаҳои намоишгоҳро пур мекарданду баъд даромади одамонро ҳам то замони ифтитоҳ маҳкам медоштанд, ки дар натиҷа, мардуми зиёде ҷамъ мешуд ва боздиди намоишоҳ ҳам аз тамошо ва шиносӣ бо маҳсулот дида, ба майдони бузкашӣ бештар монанд буд.

Мардум ҳам ба намоишгоҳ барои дидану ошно шудан бо маҳсулоти ширкатҳои хориҷӣ на, балки барои хариди коло, ки гӯё аз нархи бозор арзон бошад, ба ин макон меомаданд. Чунин ҳолат дар чандин намоишгоҳҳои маҳсулоти Эрон ва Чин, ки то ин вақт гузашт, ҷой дошт. Ба назар чунин мерасид, ки ҳар ду тараф ҳам хуш доштанд, ки барои ҳисоботу гузоришҳои видеоӣ ва тасвирӣ мардуми бисёртареро ҷамъ оваранд ва баъд гӯянд, ки бубинед, чӣ тавр мардум бо шавқу рағбати зиёд намоишгоҳро диданд.

Такрор ҳам шавад, боз ҳам таъкид мекунам, ки дар намоишгоҳи охирини Чин бештар тартибу одоб ва аз ин ҳам муҳимтар фарҳанги намоишгоҳҳои ҳақиқӣ дида мешуд. Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳам пеш аз вақти таъиншуда худ ба маҳали намоишгоҳ омада, раванди омодагиҳоро мушоҳида мекард.

Намояндагони ҳукумати музофоти Нинся ва ширкатҳои чинӣ ҳам дар макони баргузории намоишгоҳ пешопеш ҳозир шуда буданд.

Дар ҷараёни пурсишу посух маълум шуд, ки онҳо аввалан ҳадафи шиносондани маҳсулоти худро доранд ва баъд фурӯхтани онро. Ба ин далел, боздидкунандагон ҳар чӣ савол медоданд, посухи равшану дақиқ мегирифтанд.

Яке мепурсид, ки зарфҳои барои маводи ғизоӣ чаро чунин гарон аст? Аммо пас аз он, ки ҷавоб мешунид, «Дар сурати ғизои гарм ба он рехтан то 24 соат гарм меистад ва агар сард бошад дар ҳамин муддат дар ҳавои тафсон ҳам сард мемонад», ҳикмати гарон будани маҳсулот маълум шуда мемонд.

Як нафари дигар зимни дидани маҳсулоти ширкати шаробкашии чинӣ тафовути ду шароби сурхи ба намоиш гузоштаро аз шаробҳои тоҷикӣ савол кард.

Соҳибкори чинӣ бо ёрии тарҷумон, ки ҷавони маҳалӣ буд (як тафовути дигари намоишгоҳ ин буд, ки аксари бахшҳо тарҷумон аз ҷавонони маҳаллӣ доштанд. Ин чиз ҳам дар гузашта ба чашм намехӯрд), бо мулоимӣ гуфт: - Ин нӯшобаи табобатӣ аст ва андак - андак хӯрданаш тавсия мешавад, вале агар кас бештар хӯрад, маст мекунад ва дигар на фоидааш мемонаду на кайфияти он.

Инчунин як нафар пурсид, ки «Чаро шаробатон 100 то 160 сомонӣ арзиш дорад? Ин барои шароити мо нархи хеле баланд мебошад…» чинӣ бо лабханд ва бо ангуштонаш нишон дода ҷавоб дод, ки «Маҷбур шавед, барои табобат як миқдори андаки доруро аз ин гаронтар мехаред, Инро ҳам мо бо дарназардошти хосиятҳои табобатиаш ва коре, ки барои истеҳсолаш сарф шудааст, бо ин нарх мефурӯшем».

Мазмун, намоишгоҳ чизҳои дидании бисёре дошт, ки бори дигар иқтидори Чинро дар доираи имконоти фақат як музофоти Чин бозтоб мекард.

Ин нукта ҳам ҷолиб буд, ки дар оғози намоишгоҳ дар гӯшае оид ба ин музофот маълумот дода мешуд.

Нинся бо 6 миллион аҳолӣ аз хурдтарин музофоти Чин буда, ду қавмият, ханси, ки бештари ҷамъиятро ташкил медиҳанд ва хуэйси, чиниҳои ҳанӯз дар асри 14 мусалмоншуда мебошанд. Бар асоси ин маълумот, шаҳри Инчуан – маркази музофот ҳам бо 900 ҳазор ҷамъият аз ҷумлаи шаҳрҳои хурди Чин ба шумор меравад.
С.Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: