Ғолиби Озмуни «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст»19-07-2017, 10:29
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ. Дар асоси низомномаи озмуни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони « Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст » ва ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия озмуни мазкур эълон карда шудааст. Дар озмуни мазкур ҷавонону наврасони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷалб карда шуда, бевосита ширкати фаъолона доранд. Ансории Сайидакрам хонандаи синфи 10-уми МТМУ №7, аз ҷамоати деҳоти ба номи А.Рудакӣ дар баробари хубу аъло таҳсил намуданаш баҳри эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгонамон ба пешаи заргарӣ машғул мебошад. Намунаҳое, ки аз маҳсули эҷод ва навоварии худ Ансорӣ дар озмун ба маърази тамошо гузошт, қобили қабул гардид. Ангуштарин, гарданбанд ва гӯшвораҳои зебои ин устои навраси чирадаст, ки аз ихтирооти навини пешаи мероси ниёгонамон мебошад, ба баҳои баланди ҳакамони озмун сазовор гардида, ба озмуни ноҳиявӣ роҳ ёфт. Зимни суҳбат ғолиби озмуни « Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст » Ансории Саидакрам ақидаҳои хешро чунин иброз намуд: - Сарвари давлат, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҷавонон дар таҳсилу интихоби касб имкониятҳои хеле хубро фароҳам овардаанд. Акнун мо ҷавонон метавонем, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намуда, бо дастовардҳои хубу назаррас дар созандагиву бунёдкориҳои Ватани азизамон ҳиссагузор бошем. Ман аз ҳунари худ, яъне ҳунари заргарӣ ифтихор мекунам, медонам, ки эҳё намудани мероси ниёгон барои мо ҳам қарз асту ҳам фарз. Аз ин рӯ, бо меҳру муҳаббати зиёд ин ҳунарро омӯхтам ва дар ин бора низ таваҷҷуҳи беандоза дорам. Мехоҳам баъди хатми муассиса ба Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои худро супорам, пас аз хатми Донишгоҳи мазкур дар пешравию ободкориҳои Ватани азизам саҳмгузор бошам. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.