Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Даври дуюми аксияҳои ҳизбӣ ҷамъбаст гардид

Даври дуюми аксияҳои ҳизбӣ ҷамъбаст гардид

19-05-2017, 15:39
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Даври дуюми аксияҳои ҳизбӣ ҷамъбаст гардид
Дар асоси иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон даври дуюми Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ тақозои замон аст» ва «Навоварӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегардад» миёни муассисаҳои таълимии ноҳия, литсейҳои касбӣ-техникӣ ва Коллеҷи тиббии ноҳия ҷамъбаст гардид.
Аксияҳои мазкур моҳҳои апрел ва майи соли равон дар ноҳия баргузор гардида, дар нуҳ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоатҳо ва литсейю Коллеҷи тиббӣ баргузор гардид.
Дар аксия зиёда аз 80 дастаҳо аз муассисаҳои таълимӣ ширкати фаъолона намуда, ихтироъкориҳои наврасону ҷавононро ба маърази тамошо гузоштанд. Тибқи хулосаи Кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамони Аксия даври сеюми Аксия миёни дастаҳои ғолиби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, литсейҳои касбӣ- техникӣ ва Коллеҷи тиббии ноҳия дар арафаи ҷашни 20 -солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳия баргузор гардида, дастаҳои беҳтарин ва ғолиби даври сеюм барои иштирок дар даври вилоятӣ иштирок менамоянд.
Ҷавонону наврасони ноҳия аз баргузории Аксияҳои мазкур болидаруҳ ва ҳавасманд гардида, барои ташкил ва баргузории он ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.
Ногуфта намонад, ки дастаҳои ғолиби даври дуюми Аксияҳо бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон қадрдонӣ гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: