Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калони буҷетӣ ошкор гардиданд

Ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калони буҷетӣ ошкор гардиданд

18-07-2017, 08:08
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
Ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калони буҷетӣ ошкор гардиданд

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли 2017 кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 505 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи 225,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудаанд, ки аз он 151, 2 млн. сомонӣ ба давлат барқарор карда шудааст.

Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби кормандони самти оперативию тафтишотии Агентӣ 1218 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст. Аз ҷумла 281 ҷиноятҳои азонихудкунии маблағу амволи давлатӣ ва марбут ба тасарруфи маблағҳои калони буҷетӣ ошкор карда шудааст.

Дар ин бора дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 июл баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: