Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба сар задани бемории домана дар ноҳияи Бохтар маълумоти расмӣ пешниҳод кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба сар задани бемории домана дар ноҳияи Бохтар маълумоти расмӣ пешниҳод кард

13-07-2017, 09:00
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба сар задани бемории домана дар ноҳияи Бохтар маълумоти расмӣ пешниҳод кард

/АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сар задани бемории домана дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» маълумоти расмӣ пешниҳод кард, ки дар он омадааст:

«Бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи эпидемиологии бемориҳои таввассути об сироятёбанда ва расонидани кӯмакӣ амалӣ гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар сафарбар карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани омӯзишҳо муайян гардид, ки омили асосии хуруҷи бемориҳои тавассути об сироятёбанда дар ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар аз обҳои кушод мебошад. Муайян гардид, ки каналу ҷӯйборҳо дар маҳалҳои аҳолинишин аз даруни ҳавлиҳои шаҳрвандон гузашта, ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳоҷатхонаҳо дар масофаи то 1 метр аз шохоби дарёча сохта шуда, пасобаи ҳамомҳо ва саршӯйхонаҳо ба оби каналу ҷӯйборҳо мерезанд.

Инчунин, муайян гардид, ки то имрӯз 5 нафар гирифторони бемории домана бистарӣ гардидаанд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии беморӣ ситоди вилоятӣ ташкил карда шуда, дар ҳама нуқтаҳои аҳолинишини ҷамоат аз ҳисоби кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаи марказӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия вобаста карда шуданд. Ҳар як гурӯҳи муттахассисон вазифадор карда шудаанд, ки ташрифҳои хонагиро дар минтақаи худ ҳамарӯза ба роҳ монда, дарёфти фаъоли шахсони гумонбар ба бемориҳои шадиди рӯдаро таъмин намоянд ва барои муоина ба назди духтури сироятшинос роҳхат диҳанд ва иншооте, ки ҳамчун манбаи хатар дар наздикии каналу ҷӯйборҳо мавҷуданд безарар ва нест гардонида шаванд.

Баҳри гузаронидани корҳои безараргардонӣ ба муассисаҳои табобативу профилактикӣ маводҳои безараргардонӣ тақсим карда шуда, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ низ пурзӯр карда шуд. Пас аз андешидани чораҳои зарурӣ аз санаи 21 июн то инҷониб ягон ҳодисаи нави гумонбар ба бемории домана дарёфт нагардидааст».

Маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: