Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нуриддин Саид: «Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст»

Нуриддин Саид: «Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст»

11-07-2017, 09:18
Хабарро хонданд: 432 нафар
Назарҳо: 0
Нуриддин Саид: «Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст»
/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд.

Дар нишаст Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид зикр кард, ки санҷишҳои дар се соли охир гузаронида аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сифати таҳсилот дар соли 2013 — 73.3 ва 32.7%, соли 2014- 74.1 ва 34.2%, соли 2015 -75.1 ва 35.5% ва соли 2016 — 77.8 ва 37.3%-ро ташкил додааст.

Нуриддин Саид ҳамчунин зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4340 ҷойи нишаст ва 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 840 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ фаъолият доштани мактабҳои хонагӣ посух дода, зикр кард, ки дар ҳақиқат дар муқоиса ба 70 соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар 25-соли соҳибистиқлолии кишвар сохтмони мактабҳои замонавӣ ба маротиб афзуда бошад ҳам, вале дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон, ки баъзе аз аҳолӣ бо мақсади обод кардани ватани бобоӣ ба он ҷойҳо кӯч бастаанд, ҳанӯз ҳам чунин мактабҳо фаъолият доранд. Номбурда таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ талош дорад, ки дар ояндаи наздик чунин мактабҳоро, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд, бо муассисаҳои муосири таълимӣ иваз намояд. Ба иттилои Вазир, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар нишаст ҳамчунин дар иртибот ба суолҳои хабарнигорон зикр гардид, ки дар мавсими тобистонаи соли 2017 аз ҷумла 4877 лагеру мавзеъҳои истироҳатии хонандагон, 56 лагери беруназшаҳрӣ, 2614 наздимактабӣ, 186 истироҳатию меҳнатӣ, 530 варзишию солимгардонӣ ва 141 таълимӣ-фароғатӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо 146 753 нафарро фаро мегиранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: