Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тошканд дар бораи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон филми мустанад таҳия гардид

Дар Тошканд дар бораи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон филми мустанад таҳия гардид

11-07-2017, 09:14
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тошканд дар бораи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон филми мустанад таҳия гардид
/АМИТ «Ховар»/. Телевизиони Ӯзбекистон филми мустанади «Ӯзбекистон-Тоҷикистон: дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст»-ро, ки онро шабакаи телевизиони «O‘zbekiston» таҳия кардааст, намоиш дод. Ин филм ба равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии миёни ду кишвари ҳамсоя бахшида шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аллакай филми мазкурро дар сомонаи расмии худ ҷой кард. Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов 5 июл зимни «пахши мустақим» ҳангоми ба суолҳо ҷавоб додан онро ҳамчун «филми хуб дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон» тавсиф намуд. Ба гуфтаи А. Комилов, филм «дар рӯҳияи хеле дӯстона» омода шудааст.

Дар навор, аз ҷумла зикр мешавад, ки имрӯз дар 250 мактаби ҳудуди Ӯзбекистон таҳсил ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар онҳо беш аз 55 ҳазор нафар хонандагон илм меомӯзанд. Дар Ӯзбекистон марказҳои миллию фарҳангии тоҷикон амал карда, рӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ ба нашр мерасанд. Дар давоми чорякаср тақрибан 700 нафар шаҳрвандони тоҷиктабори Ӯзбекистон бо мукофотҳои олии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шудаанд.

Филм дар заминаи гармшавии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Президенти нав Шавкат Мирзиёев оғоз градид, таҳия шудааст,- чунин мешуморад АИ «Фарғона».

Робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду давлат пас аз 25-соли лағв гардидани алоқаи ҳавоӣ фаъол гардида, масоили содда гардонидани низоми раводид ва сарҳадӣ баррасӣ шуда истодаанд.

Дар филм зикр мешавад, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун давлатҳои соҳибихтиёр ҷонибдори рушди муносибатҳои дӯстона ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои дерина мебошанд. Аз ҷумла, 20 октябри соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳои дипломатӣ барпо шуда буданд, ки барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои ду давлат имкон фароҳам оварданд. Нақши асосиро дар ин росто ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мебозад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар асоси ҳусни тафоҳум ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, барои хонандагони тоҷик дар нашриёти «Ӯзбекистон» як зумра китобҳои забони модарӣ ва адабиёт ба табъ расиданд. Тӯю ҷашнҳо бидуни сурудҳои ӯзбекӣ таҷлил намегарданд. Дар рушди робитаҳои ду халқ саҳми арзандаи маркази миллию фарҳангии тоҷикон калон аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: