Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов

30-09-2016, 09:46
Хабарро хонданд: 384 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар фазои қобили қабул ҳолат ва дурнамои тамоми маҷмӯи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои минбаъдаи тавсеаи онро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо қаноатмандии хешро аз тамоюли мусбати давраи охир дар муносиботи мутақобилаи ду кишвар, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин муҳимияти дастгирии машваратҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳор намуданд.

Эҳтиёҷи воқеии кунунӣ ба фаъолгардонии амалии ҳамкории таркибии фарҳангию гуманитарӣ миёни ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо мушкилоти муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуда, диққати заруриро ба муҳимияти таъмини амнияти минтақавӣ чун шарти асосии суботи иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ равона карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ карданд, ки соҳаҳо барои кӯшишҳои муштарак кам нестанд ва сохторҳои дахлдори ду кишварро зарур аст, ки бо мақсади ба хатти нави рушд баровардани тамоми маҷмӯи робитаҳои байнидавлатӣ ба таври муназзам кор баранд.

Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати берунии Тоҷикистон таъкид намуд.

Муҳимияти ҳифз ва таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвар, ки дар асоси арзишҳои умумии рӯҳонӣ ва анъанаҳои ғании дӯстӣ бунёд ёфтаанд ва эҳтироми мутақобила, ки аз қаъри таърих реша мегиранд, таъкид шуд.

Дар ин замина, ҳамчун масъалаи муҳими аввалиндараҷа баланд бардоштани сатҳи шарикии иқтисодӣ ва тиҷорат ҳамчун омили муҳими фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди созандаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид гардид.

Ҳамзамон соҳаҳои обу энергетика ва нақлиёту логистикӣ, инчунин масъалаҳои рафту омади дуҷонибаи шаҳрвандон ҳамчун самти тақозои ҳамгироии фаъоли созанда таъкид гардид.

Дар хотимаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар рушди модели Ӯзбекистон муваффақият ва ба мардуми бародари он сулҳ, субот ва шукуфоии минбаъда таманно намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: