Президенти Ӯзбекистон фаъолони марказҳои фарҳангии тоҷиконро қадрдонӣ намуд25-01-2017, 08:32
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳи фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 2 нафар тоҷиконро «барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар кишвар» бо ордену медалҳо сарфароз гардонид. Дар ин бора сомонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад. 24 январ дар Ӯзбекистон ҷашни 25-солагии таъсиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳанги байнимиллатҳо таҷлил карда шуд. Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар маросими тантанавӣ бахшида ба он таъкид намуд, ки дар рушди хусусияти этникӣ ва ҳамоҳангкунии минбаъдаи муносибатҳои байни миллатҳо дар Ӯзбекистон 137 маркази миллии фарҳангӣ нақши муҳим мебозанд. «Рушди фарҳанг, забон ва ҳунарҳои хоси мардумии худ ба ғанигардонии мутақобилаи фарҳангҳо ва таҳкими ҳисс гуногунмиллатии ягона дар оилаи ҳар яки мо саҳм мегузоранд», — гуфт Мирзиёев. Шавкат Мирзиёев як гурӯҳи фаъолони марказҳои миллии фарҳангии Ӯзбекистонро барои гузоштани саҳми арзанда дар таҳкими фазои таҳаммулпазирӣ, сулҳ ва инсондӯстӣ дар Ӯзбекистон, нигоҳдорӣ ва рушди фарҳанги миллии хос, анъана ва урфу одат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба ғояҳои истиқлолият ва инчунин барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ордену медалҳо қадрдонӣ кард. Миёни сарфарозгардидагон фаъолони марказҳои тоҷикон низ мебошанд. Бо ордени «Дӯстлик» раиси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Қашқадарё, профессори кафедраи автоматика ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи муҳандисию иқтисодии Қаршӣ Абдурасул Эргашев қадрдонӣ гардид. Бо медали «Шӯҳрат» фаъоли маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Намангон, хабарнигори газетаи ҳукуматии «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон Анвар Муродов қадрдонӣ шуд. Дар маҷлиси тантанавӣ Президенти Ӯзбекистон дастур дод, ки бинои беназир дар кӯчаи Бобури Тошканд, ки ба ҷамъияти саҳомии «Узбекенгилсаноат» мутааллиқ буд, ба Маркази ҷумҳуриявии фарҳанги байнимиллатҳо дода шуда, он «Қасри дӯстӣ» номгузорӣ шавад. Ҳамчунин, президент дастур дод, парки ба номи Бобур, ки онҷо дар солҳои соҳибистиқлолӣ Маркази ҷумҳуриявии фарҳанги байнимиллатҳо чорабиниҳои анъанавии худро мегузаронд, ба «Боғи дӯстӣ» табдил дода шавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.