Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ОБУНА БА НАШРИЯҲО НИШОНИ МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК АЪЗОИ ҲИЗБ

ОБУНА БА НАШРИЯҲО НИШОНИ МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК АЪЗОИ ҲИЗБ

10-07-2017, 09:36
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
ОБУНА БА НАШРИЯҲО НИШОНИ МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК АЪЗОИ ҲИЗБ
Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва кумиҷроияи вилоятӣ маъракаи қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбии – «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» дар қаламрави вилоят оғоз гардид. Ба хотири ҳар чи бештар огоҳонидани аъзои ҳизб аз ин маъракаи муҳими сиёсӣ ситоди «Обуна- 2018» таъсис ёфта, аллакай ба фаъолият шурўъ намуд.
Субҳи имрўз дар кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ситод бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ба номи «Муҳаммад Осимӣ», «Бобоҷон Ғафуров», «Сомон», «Инқилоб» ва «Истиқлол» доир гардид.
Чаласаро раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, дар баромадаш зикр сохт, ки нақши васоити ахбори омма, хоссатан нашрияҳои ҳизбӣ дар баланд бардоштани маънавиёт, донишҳои сиёсӣ, огоҳ будан аз рўйдодҳои дохиливу хориҷӣ хеле муассир буда, солҳои охир мазмун ва мўҳтавиёти нашрияҳо бамаротиб хуб гардидааст. Махсусан нашрияи «Минбари халқ» бо матолиби таҳлиливу хондании худ миёни хонандагонаш маҳбубияти хосро доро мебошад. Ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд ҳамасола яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи обунаро ба нашрияҳои ҳизбӣ иҷро мекунанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки онҳо бошавқ нашрияҳои дўстдоштаи худро мутоила мекунанд.
Дар идомаи суханронии худ мавсуф роҳҳои ҷалби аъзои нав, баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизбро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонид.
Раисон ва муовинони чанде аз кумиҷроияҳои ибтидоӣ бобати сураъбахшии ҷараёни обуна таклифу пешниҳодҳои худро ба раёсати кумиҷроия пешниҳод карданд.
Ёдовар мешавем, ки нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» аз пурнуфузтарин нашрияҳои кишвар маҳсуб ёфта, бо теъдоди беш аз 50 ҳазор ва 10 ҳазор ҳафтае як маротиба нашр мегарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: