Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маъракаи обуна идома дорад

Маъракаи обуна идома дорад

19-07-2018, 07:22
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Маъракаи обуна идома дорад

Матбуот дар ҳама давр минбари розу ниёз ва пур кардани маънавиёт буду ҳаст. Хосатан агар масъулони васоити ахбори омма воқеаву ҳодисаҳоро мӯшикофона ва воқеъбинона таҳлилу баррасӣ намуда, мавқеи худро дар ҳама ҳолат нишон дода тавонад, аз маҳбубтарин расонаҳои хабарӣ дониста мешавад. Нашрияҳои дилогоҳи ҳизбиёни кишвар бо номи «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» натанҳо афкору ақидаи ҳизбиёнро, балки ҷомеаро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозанд. Махсусан вокунишҳо ба ин ё он маводҳо, андешаҳои коршиносони сиёсӣ, таҳлилу баррасии ин ё он воқеа хеле моҳирона рӯи саҳифаҳои ин рӯзномаҳо дарҷ мегарданд.
Аз моҳи июни соли 2018 сар карда маъракаи «Обуна-2019» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» оғоз гардида, дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ташкилотҳои ибтидоӣ мувофиқи меъёри муқарраргардида, мактубҳо ирсол карда шуд.
Бо назардошти муҳимияти ин маъракаи сиёсӣ ташкилотҳои ибтидоии «Палатаи савдо», «Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд», «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд» ва «Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд» то имрӯз нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро намуданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кӯшиш бар он дорад, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи МИҲД-и шаҳр ва ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия дар муддати кӯтоҳ нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: