Таъсиси ташкилоти ҳизбӣ дар филиали ҶСК “Ориёнбонк”10-07-2017, 09:30
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
ИСФАРА. Татбиқи дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ҷиҳати ҷалби шахсони фаъолу ватандӯст ба сафи ҲХДТ мадди назари кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Исфара қарор дорад. Рӯзи гузашта дар филиали ҶСК “Ориёнбонк” маҷлиси муассисон баргузор шуд ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии филиали ҶСК “Ориёнбонк” таъсис ёфта, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Қодиров Ҳ.А., котиби ташкилоти ибтидоӣ Раҳимова Ф. интихоб гардиданд. Ҳамчунин 17 нафар кормандон барои қабул шудан ба узвияти ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи директори филиали ҶСК “Ориёнбонк” Розиқов А.А. арза дошт, кулли кормандони бахши бонк сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайгирона ҷонибдорӣ намуда, баҳри амалигашти муқаррароти Оиннома ва Барномаи ҲХДТ тамоми кӯшишу ғайрати худро равона месозанд. Дар маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Аҳмадов О. ва сармутаххассиси бахши қайд Холиқова П.А. иштирок ва суханронӣ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.