Идомаи амалҳои саховатмандӣ ва хайрхоҳии ҲХДТ10-07-2017, 09:22
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!» ба муносибати «Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон», раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба Ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф оварда, бо як гурӯҳ маъюбон, ки ба муносибати «Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъ омада буданд, вохӯрд. Аҳмадҷон Ализода аз ҳадафҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҲХДТ ёдовар шуда, қайд намуд, ки тибқи дастуру ҳидояти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ба ин қисмати осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир менамояд ва имрӯз низ дар идомаи амалҳои саховатмандӣ ва хайрхоҳии ҲХДТ, ҳизбиён ба 50 нафар маъюб ва кӯдакони маъюб кӯмак ва туҳфаҳои худро тақдим хоҳад кард. Паз аз суханҳои табрикотӣ Аҳмадҷон Ализода ба 50 нафар кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои ҳизбиёнро тақдим намуд. Илова бар ин ба онҳо 100 адад адабиёти ҳизбӣ тақдим карда шуд. Раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин чорабинӣ иштирок дошт, ин амали саховатмандона ва хайрхоҳонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро ҳамчун нишонаи корҳои амалии ҲХДТ баланд арзёбӣ намуд. Бо инобати кӯмакҳои доимии ҳизбиёни вилоят раиси Филиали ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯроғонтеппа Абдусамад Бобоҷонов ба Аҳмадҷон Ализода номаи сипоси ташкилотро ҳамчун рамзи эҳтиром дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.