ТАВАҶҶУҲ БА МАЪЮБОН20-12-2016, 08:52
Хабарро хонданд: 484 нафар
Назарҳо: 1
Дар паи иҷрои қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара даври ниҳоии Аксияи ҳизбиро таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷӯҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд» барпо намуд. Даври ниҳоии он дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Корез ҷамъбаст шуд. Дар ин ҷаласаи хотирмон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Гулонов Р, раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳафизов Абдулло ва сархатиби ноҳия Сайидмутаҳар Аслиддинзода иштирок доштанд. Баромадкунандагон оид ба дастгирии ятимону барҷомондагону эҳтиёҷмондан сухан гуфтанд. Дар охир ба гурӯҳе аз маъюбон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хаии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ёрии пуливу молӣ расонида шуд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.