Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конференсияи 11- уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон длар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Конференсияи 11- уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон длар вилояти Хатлон баргузор гардид.

8-07-2017, 09:12
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи 11- уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон длар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Саҳни бинои театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо парафшонии парчамҳои давлативу ҳизбӣ, бо шиору овезаҳои таблиғотӣ, иттилоотӣ, даъваткунанда ва аксҳои чорабиниҳои оммавию Аксияҳои ҳизбӣ баргузор гардида, идона ороста шуда буд.
Вакилону даъватшудагон аз шаҳру навоҳии вилоят бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар, сарбаландӣ ва шарофмандӣ аз узвият ба ҲХДТ, вориди толор мегардиданд.
Вакилону даъватшудагон қабл аз баргузории кори конференсия бо маҳсули зеҳниву дастии навоварону ихтироъкорони ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намунаи беҳтарин дастовардҳои ҳизбиёни вилоят шинос шуда, табодули таҷриба менамуданд.
Зимни шиносоӣ бо намунаи корҳои навоварону ихтироъкорон-ғолибони озмуни ҳизбии вилоятии «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегардад», раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба 25 нафар ғолибони озмуни ҳизбии вилоятӣ туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро супориданд.
Бо иштироки зиёда аз 700 нафар вакилону даъватшудагон конференсияи 11- уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиктистон дар вилояти Хатлон, таҳти раисии Аҳмадҷон Ализода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба кори худ шуруъ намуд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби мақомотҳои корӣ, рӯзномаи конференсия тасдиқ карда шуда, дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои 2014-2017, Аҳмадҷон Ализода ҳисобот дод.
Дар конференсия Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода, узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ба ҳайси вакили конференсия иштирок доштанд.
Дар рафти кори конференсия Аҳмадҷон Ализода ба ҳайси раисикунанда, ба иштирокдорони Конференсия номаҳо ва барқияҳои шодбошии ба котиботи конференсия дастрасгардидаро аз номи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Сарфароз Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Бадахшон Ҷонибеки Қозибек, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Раҳматҷон Маҳмадов, Котиби шуъбаи минтақавии ҳизби «Единая Россия» дар вилояти Иркутски Федератсияи Россия Брилка Сергей Фатеевич ва дигарон қироат намуда, таманниёт ва паёмҳои онҳоро ба самъи иштирокдорони конференсия расониданд.
Вакилони конференсия фаъолияти ҳизбиёнро натиҷагирӣ ва таҳлил намуда, баҳри боз ҳам беҳтар ва самараноктар гардидани фаъолияти ҳизбиён таклифу пешниҳодҳои муфид намуданд.
Дар назди вакилони конференсия инчунин Абдураҳмон Хонов, Бахтовар Сафарзода, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода суханронӣ намуда, ба фаъолияти ҳизбиёни вилояти Хатлон баҳои баланд доданд.
Бо назардошти таклиф ва дастуру супоришҳои раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар баромадкунандагони конференсия оид ба ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуд. Аз ҷумла ҳайати нави Кумитаи иҷроия ва Комиссияи тафтишотӣ интихоб гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: