Даҳ ҳазор нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд6-07-2017, 15:38
Хабарро хонданд: 115 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ иншооти обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ ба истифода дода мешавад, ки он сокинони деҳоти Чоряккорон, Гиждалобод ва Чавлибоиро бо оби поки ошомиданӣ таъмин менамояд. Тавре аз Созмони «Оксфам» дар Душанбе хабар доданд, дар доираи лоиҳаи «Таъминоти об ва беҳдошт дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад, «Оксфам» дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон иншооти обтаъминкунандаро бунёд кард, ки дастрасии даҳ ҳазор нафар сокинони ин ҷоро ба оби поки ошомиданӣ таъмин мекунад. Аз ин иншоот сокинони деҳоти Чоряккорон (4740 нафар), Гиждалобод (3164 нафар) ва Чавлибоӣ (2100 нафар) истифода хоҳанд кард. Ба зикри манбаъ, дар маросими ба истифода додани иншооти обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ намояндагони созмони «Оксфам», роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ ва сокинони ин деҳаҳо иштирок мекунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.