Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат

27-06-2017, 09:28
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат

ДУШАНБЕ, 27.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд. Сарвари давлатро дар даромадгоҳи шаҳр сокинони шаҳри Ваҳдат бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Пас аз пазироии гарму самимӣ, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои 20 ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд. Ин бинои муҳташам аз 270 хонаи якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ иборат аст. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ моҳи августи соли 2015 аз ҷониби ҶДММ «Комил-2010» шурӯъ шуда, дар давраи сохтмон наздик ба 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин буданд.

Дар ин ҷо Роҳбари давлат нахуст дар тӯйи арӯсию домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 дӯстрӯяк аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба ин кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ин иншоот бо маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якуми он марказҳои хизматрасонию савдо, дар ошёнаи дуюм маркази саломатӣ ва дар ошёнаи сеюм маркази омӯзишии касбу ҳунарҳо ташкил карда мешавад. Ин бинои хуштарҳи 20-ошёна аз таҳхонаи дуошёна барои 42 адад мошини сабукрав, ҳамчунин аз ду даромадгоҳ иборат мебошад. Ин имкон медиҳад, ки боз 80 нафар дар ин ҷо бо ҷои кори доимӣ таъмин гарданд.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои иншооти мазкур, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои бунёд намудани боз 4 адад ҳамин гуна бинои баландошёна ва кӯдакистону дармонгоҳ, ки аз тарафи ҶДММ «Комил-2010» дар шафати ҳамин бино дар назар аст, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 27.06.2017
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: