Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар таъмини оби нӯшокӣ17-02-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Новобаста ба он ки Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии об миёни кишварҳои минтақа дар мақоми аввал қарор дорад, дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ дар шаҳрҳои мамлакат 90 фоиз дар деҳот бошад, ҳамагӣ 47 фоизро ташкил медиҳаду халос.
Роҳҳои самараноки таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ мавзӯ е буд, ки дар нишасти матбуотии масъулини Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо барномаи СММ, намояндагони Оксфам ва коршиносони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маркази тадқиқоти стратегӣ санаи 16 феврал мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Илҳом Абидов, директори иҷроияи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон зимни суханронии худ аз ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар масъалаҳои вобаста ба об ёдовар шуда таъкид намуд, ки имрӯ з пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар масоили истифодаи самараноку сарфакоронаи об чун маҳаки асосии зиндагӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда, Ҳукумати мамлакат бобати тақвияти фаъолият дар самти дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Мавриди зикр аст, ки таъкид менамояд И.Абидов аз солҳои аввали давраи ба даст овардани истиқлолият соҳаи таъмини оби нӯ шокӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ шуд. Бо назардошти ислоҳи саривақтии норасоии ҷойдошта бо дастгирии мақомоти маҳал, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ давра ба давра вазъи таъмини аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ин амал имрӯ з низ ҷараён дорад. Таҷрибаи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон собит менамояд, ки амалӣ шудани фаъолияти ниҳодҳои таъминкунанда дар асоси принсипҳои шаффофияти амал, пардохти саривақтии маблағи оби истифодашуда ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли саривақтии масоили ҳалталаб ба пешрафти кор мусоидат карда метавонад. Дар чорабинӣ миёни намояндагони васоити ахбори омма ва коршиносон ҷиҳати ҳали саривақтии мушкилотҳои ҷойдошта муколамаи судманд доир гардид. ©Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.