Ҷаласаи Шӯрои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»6-07-2017, 14:29
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
МАСТЧОҲ. Дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷавонони бахши ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид, ки дар он масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарият ва аъзои бахши ноҳиявии ин ташкилоти бонуфузузи ҷавонон иштирок доштанд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар бораи нақш ва мавқеи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳаёти ҷавонон сухан гуфт. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбати ҷавонон хеле зиёд буда, сол то сол меафзояд. Аз ин рӯ ҷавононро низ лозим аст, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳо расида, бо гуфтору рафтори худ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намоянд. Сипас роҳбари бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почоев дар бораи корҳои то имрӯз анҷомдодаи бахш ва нақшаҳои минбаъдаи он маълумот дода, иброз намуд, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ бо ҷалби ҳазорҳо ҷавонони фаъол ва донишҷӯёни муассисаҳои касбӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор гардида, ба муносибати иду санаҳои фархунда ҷавонони маъюб, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои бепарастор аз ҷониби аъзои Шӯро аёдат карда шудаанд. Аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» Абдусалом Ниёзов, Зарнигори Зайниддин, Баракатулуло Ҳусайнзода, Комрон Розиқов, Ализода Сайёра ва Тошова Дилноза ба музокира баромада, фаъолияти бахшро дар маҷмух хуб арзёбӣ карданд ва барои боз м беҳтар ба роҳ мондани фаъолият андешҳаои худро иброз нам. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.