Аксияи “Ба кӯдакон муносибати некбинона мебояд”6-06-2017, 14:40
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
МАСТЧОҲ. Аз аввали моҳи июн дар ноҳияи Мастчоҳ аксияи умуминоҳиявии “Ба кӯдакон муносибати некбинона мебояд” оғоз гардид, ки дар он ҳамаи фаъолони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва Шӯрои занон иштирок менамоянд. Дар расми ифтитоҳи аксияи мазкур Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, ин иҷдомро ҷиҳати кӯмак ба кӯдакони маъюб ва оилаҳои ниёзманд муфид арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки иштирок дар чунин иқдом озод ва мувофиқи имкони ҳар аъзои ҳизб аст. Дар рӯзи аввали аксия аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба 30 нафар кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ ва бозичаҳои гуногун тақдим гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби фаъолони ҳизб ба 110 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, ки имсол ба синфи 1 мераванд, лавозимоти хониш тақдим гардид. Аксия то охири моҳи ҷорӣ идома меёбад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.