Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ҳамоиши ҷавонони ҳизбии вилоят

5-07-2017, 11:20
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиши ҷавонони ҳизбии вилоят
МАСТЧОҲ. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мувофиқа бо раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, ибтикори кумиҷроияи ноҳиявӣ ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳайати намояндагониҷавонони шаҳру навоҳии вилоят, ки барои иштирок дар ҳамоиши ҷавонони ҳизбии вилояти Суғд таҳти унвони “Ваҳдат мароми мост” ба ноҳияи Мастчоҳ бо роҳбарии раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода ташриф оварда буданд, дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии маркази ноҳия бо нону асал ва карнаю доира истиқбол гирифта шуданд.
Сипас дар толори бузурги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии онҳо бо раиси ноҳия доир гардид. Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба бузургтарин неъмати даврони Истиқлол – Ваҳдати миллӣ, ки маҳз бо ибтикору саъйи бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, сухан гуфт. Таъкид гардид, ки аз файзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо карда, ҳамчун мамлакати пешрафтаву обод ва соҳибамният шинохта шудааст. Дар идома раиси ноҳия Ғайрат Азиззода изҳор дошт, ки ноҳияи Мастчоҳ низ бо шарофатии Истиқлолу Ваҳдат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, рӯз аз рӯз симои худро дигар мекунад.
Ҳамоиши ҷавонони ҳизбии вилоят

Дар Наврӯзи соли гузашта бо шарофати ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Исмоили Сомонӣ қомат афрохта, МТМУ №36, боғи фарҳангию фароғатӣ, чойхонаи миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Хиёбони маркази ноҳия азнавсозӣ гардид, санги асоси шаҳраки Меҳробод гузошта шуд ва бо супориши Пешвои миллат ба сохтмони бузургтарин Қасри фарҳанг дар вилоят бо 1000 ҷои нишаст оғоз шуд. Ҳамчунин, бунёди варзишгоҳи замонавӣ дар ноҳия низ неъмати истиқлол ваҳдат буда, имкон медиҳад, ки ҷавонони мастчоҳӣ вақти холии худро дар онҷо бо намудҳои гуногуни варзиш гузаронанд, — изҳор намуд раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода. Сарфароз Фаттоҳзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барои пазироии самимӣ аз номи кумиҷроияи вилоятӣ ва иштиркчиёни ҳамоиш изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки чунин чорабиниҳо, ки бо дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор мегарданд, метавонанд дар иттиҳоду ҳамдилии ҷавонони вилоят таъсир гузошта, дӯстию рафоқат ва худшиносии онҳоро такмил диҳанд. Сипас тибқи барнома ҳайати ҷавонони шаҳру навоҳии вилоят ба гуруҳҳо тақсим гардида, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сафар намуданд. Ҷавонони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Исфара (Ҷамоати шаҳраки Бӯстон), Гулистон, Бӯстон, Истқилол ва Ҷаббор Расулов (Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ), Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодому Истаравшан (Ҷамоати деҳоти Оббурдон) ва Спитамен, Ашт, Деваштич, Шаҳристону Зафаробод (Ҷамоати деҳоти Палдорак) дар маҳаллҳо барномаҳои рангини таблиғотӣ ва консертҳо баргузор намуданд. Зимни чунин сафарҳо меҳмонон аз МТТ “Сино”, китобхонаи шахсии устод Садриддин Насриддинов, МТМУ №38, маҷмааи “Сомони Султон”, МТМУ№38, мсаҷиди ҷомеи АХД “Фирдавсӣ”, осорхонаи минтақавии МТМУ №11, маҷмааи “Олимиён”, МТМУ №13, МТД Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ, сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия дидан намуда, ҳамчунин ба аёдати пирони рӯзгор, собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳои машҳури ноҳия рафтанд.
Ҳамоиши ҷавонони ҳизбии вилоят
Бегоҳ дар боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия барномаи васеи фарҳанги таҳти унвони “Ваҳдат мароми мост!” бо иштироки санъаткорони ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд баргузор шуд. Нахуст Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ доир ба мақсаду зарурати чунин ҳамоишҳо сухан гуфта, таъкид намуд, ки баргузории ҳамоиши имрӯзаи ҷавонони ҳизбии вилоят таҳти унвони «Ваҳдат мароми мост!» дар ноҳияи Мастчоҳ баҳри тақвияти ваҳдати маънавию ғоявии аъзои ҳизб, вусъат ёфтани фаъолияти самарабахши кумиҷроияи ноҳиявӣ ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия, тавсеаи созандаи ҳамкориҳо, тарбияи кадрҳои ҷавони ҳизб такони нав мебахшад. Сарфароз Фаттоҳзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд зимни табрикоти ҷавонон аз дастовардҳои ҷавонони ҳизбии вилоят ёдоварӣ намуд ва иброз дошт, ки ҷавонони Суғди бостон ҳамеша парчамбардони миллату давлат буданд, ҳастанд ва мемонанд. Сипас барномаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагони ноҳия ва вилоят оғоз шуд. Пас аз итмоми барномаи фарҳангӣ ва ҷамъбасти ҳамоиши ҷавонони ҳизбии шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ меҳмонон бо табъи болидаю таассуроти нек ба шаҳру навоҳии худ баргаштанд. Дар чорабиниҳои ҳамоиши ҷавонони ҳизбии шаҳру навоҳии вилояти Суғд таҳти унвони “Ваҳдат мароми мост!” зиёда аз 3000 нафар ҷавонон иштирок доштанд.

Ҳамоиши ҷавонони ҳизбии вилоят
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: