Кӯмакҳои ҳизбиён ба зарардидагон5-07-2017, 10:34
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶАКЕНТ. Ёдовар мешавем, ки санаи 26.06.2017 дар деҳаи Амондараи Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент сел омада, ба зиёда аз 70 хоҷагии шаҳрвандон, хонаҳои истиқоматӣ, молу амвол ва зироатҳои киштшуда зарари ҷиддӣ расонид. Пас аз рӯйдоди офати табиӣ таҳти сарварии раиси шаҳр Шафеиён Ислом Зиёзода ситод ташкил гардида , корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табии оғоз ёфт. Аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба ёрии зарардидагон шитофтанд. Дар асоси дастуру супориши раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд С. Фаттоҳзода дар қатори аввалинҳо шуда Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба маҳалии офати табиӣ омада, дар навбати аввал ба зарардидагон 300 литр сӯзишворӣ дастрас намуданд. Дар идомаи ин иқдоми нек санаи 30.06.2017 ҳизбиёни фаъол Бобоева Музамбила, Холиқова Бибиҷон, Бобоева Дилором, Меликова Латофат, Аминова Мулкия, Шарифова Ҳабиба аз маҳаллаҳои Сои Зебон, Рӯдакӣ, Лаби Чашма, Қоқурӣ, Азизобод, сехи қаннодии назди «Боғи тиллоӣ», Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, ҷанг ва меҳнат аз мавзеи офати табиӣ дидан намуда ба 22 оилаҳои сахт зарардида сару либос, курпа, курпача, болишт, палос, лавозимоти рӯзгор ва маводи хӯрока дастрас намуданд. Аз номи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ кӯмакҳоро ба зарардидагон кормандони кумиҷроия Тошева П., Лутфуллоев Б., Раҳматов Ш. ва Холова Ҳ. тақсим карда доданд. Дастгирии зарардидагон ва расонидани ёрии амалӣ ба онҳо аз ҷониби ҳизбиён идома дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.