Тарғиби нақшгузории ҷавонон дар созандагии Ватан20-10-2015, 12:00
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии донишҷӯдухтарони коллеҷи тибии шаҳри Ваҳдат бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Р.Ҷалилов ва раиси Кумитаи кор бо занон Одинаева З баргузор гардид.
Р.Ҷалилов, зимни суханрони қайд намуд, ки донишҷӯёни коллеҷи мазкур бояд пеш аз ҳама бо баҳоҳои намунавӣ таҳсил намоянд, зеро касби онҳо аз мутахассисони он масъулияти баландро тақозо мекунад. Ҳамзамон, зимни суханронӣ мавсуф аз моҳияти оила ва аз тарафи Президент, пешвои миллат, Раиси ҳизб, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2015 – Соли оила қайд кард. Дар ин радиф, Р.Ҷалилов оид ба нақши занону-модарон дар тарбияи насли наврас андешаронӣ намуданд. Дар навбати худ, раиси Кумитаи кор бо занон Одинаева Зарина ҷавононро ба корҳои ободкорӣ даъват карда, аз зарурияти нақшгузории ҷавонон дар ободонӣ ва созандагии Ватан суханронӣ намуд. ©Шӯъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.