Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Либоси миллиро махлут насозем

Либоси миллиро махлут насозем

16-06-2017, 16:40
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
   Либоси миллиро махлут насозем
Фарҳанг як ҷузъе аз ҳастии миллат ва муаррифгари он ба ҷаҳониён аст. Ҳар як давлату миллатро нахуст бо забону фарҳанги худаш мешиносанд. Фарҳанг метавонад моддӣ ва ғайрмоддӣ (маънавӣ) бошад. Ба фарҳанги ғайримоддӣ тамоми донишҳо, кирдору рафтор ва умуман тамоми он падидаҳое, ки ба маънавиёти инсон, ба монанди либос, хӯрок, ҳунарҳои дастӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ҳардуи онҳо дар умум шакли муҳими фарҳанг ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин фарҳангро бояд тавре нигоҳ дошт, ки орӣ аз ҳама гуна таъсироти беруна ва инъикосгари модиёт ва маънавиёти сирф аслии як миллат бошад.
Аммо чӣ хеле, ки ба мушоҳида мерасад, баъзе нафарон нисбат ба фарҳанги хеш беэьтиноӣ зоҳир намуда, ҳатто боиси коста гардидани он низ мешаванд. Яке аз бахшҳои фарҳанги ғайримоддие, ки хеле чашмрас асту намояндагони на танҳо як кишвар, балки кишварҳои зиёдеро ба худ ҷалб менамояд, ин либоси миллии як давлат аст. Давлатҳои дунё кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ фарҳанги аслии хешро аз даст надода, барои барқарор кардан ва мустаҳкам нигоҳ доштани он шароити мусоид фароҳам оранд. Тоҷикистон низ аз қабили давлатҳое аст, ки ба инкишофу рушди фарҳанги мардумаш диққати махсус медиҳад ва талош дорад, ки тамоми ҷузъу томҳои фарҳанги миллиро пойдор ва шикастнопазир нигоҳ дорад. Масалан, муддати чанд сол аст, ки кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот барои пайдо кардани маълумоти боз ҳам саҳеҳтару равшантар ва бештар оид ба фарҳанги тоҷик - чӣ моддӣ ва чӣ ғайримоддӣ ба шаҳру навоҳии кишвар сафарҳои хидматӣ анҷом дода, дар ҷамъоварии онҳо саҳми босазое мегузоранд. Пажӯҳишгоҳ чанд китоби пурмуҳтавое дар бобати мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримодии кишвар ба нашр расондааст, ки онҳо оиди фарҳанги аслии тоҷик маълумоти хубе ба хонанда медиҳанд.
Вале мутаассифона, имрӯзҳо шахсоне ҳастанд, ки шояд аз нофаҳмӣ ва ё ягон сабаби дигар бошад, хидмати «хирсона» анҷом доданӣ шуда, ба фарҳанги аслии тоҷикона тағйироте ворид карданӣ мешаванд. Аммо ин хидмати онҳо метавонад ба аз байн рафтани шакли асосие, ки аз замонҳои пеш дар тӯли таърих то ба даври мо омада расидааст, боис шавад ё ба он гунаҳо рахна ворид созад. Масалан, тарроҳон либоси аслӣ ва хоси тоҷиконаро мехоҳанд тағйир дода, ба шакли мӯд дароранд, ки метавонад боиси коста гаштани либоси аслии миллӣ гардад, чун моро танҳо бо шакли қадимии либос метавон аз дигар миллатҳо дар тафриқа гузошт. Инак, баҳси асосие, ки оиди шакли либосдӯзии миллӣ (дизайн) ва муаррифии он ба ҳамагон меравад, дар ин ҷо матраҳ мекунем.
Бо либоси миллӣ ифтихор мекунанд…
Ҳар яки мо ҳангоме, ки лоф аз ватандориву фарҳанг мезанем, албатта пеш аз ҳама бояд аз ҷузъиёти он хабардор бошем. Махсусан, либос, ки намоёнтарин анвоъи фарҳанги халқиятҳо аст.
Чун сухан дар бораи либоси миллӣ рафт, як лаҳзаеро мехостам дар ин ҷо зикр намоям, ки чӣ гуна мардуми миллатҳои мухталиф мехоҳанд бо либоси миллии худ аз дигарон дар тафовут бошанду ҳар яки онҳо бо ин восита ифтихори миллии ва фарҳангии хешро боло мебардоранд.
Ҳангоми як даври омӯзиш дар кишвари Ҳиндустон, ки намояндагони зиёда аз 15 давлат дар он ҷо иштирок доштанд, дар охири моҳи шарифи Рамазон мо-тоҷикҳо либоси миллиро ба бар карда, ба хотири пос доштани ин рӯз, ки ба урфу одатҳои мо маҳсуб мешавад, берун баромадем. Ин рафтори моро дида ҳамаи он нафароне, ки дар ин омӯзиш бо мо ҳамроҳ буданд, рафта, либосҳои миллии хешро ба бар карданд. Гарчанде ки на ҳамаи онҳо мусалмон буданд, вале мехостанд дар ин ҷашни мусалмонҳо иштирок кунанд. Завқи онҳоро бештар либоси миллие, ки мо- тоҷикҳо ба бар карда будем, бедор кард. Дар он ҷо пайравони динҳо ва мазҳабҳои гуногун низ буданд. Вале онҳое, ки мусалмон буданд, ростӣ надидам, ки ҳиҷоб пӯшида бароянд ва ё нимбараҳна бошанд, ҳатто ғайримусалмонҳо низ либоси махсуси худро доштанд, ки хеле аҷоибу ғароиб ба назар мерасид. Ягонтои онҳо ба либоси мазҳабӣ ё динӣ гуфта баромад накарда буданд. Ҳамаашон бо ғурури хоси худашон ба тарафи либосҳояшон ишора карда, - чӣ хел ва аз кадом матоъ тайёр шудан, дар кадом шакл дӯхта шудан, чӣ гуна шакли миллӣ пайдо кардан ва ғайра байни ҳамдигар ба намоиш гузошта, суҳбат мекарданд. ..
Аммо баъди анҷоми ҷашн ҳама ба утоқҳои худ рафта, либосҳояшонро иваз карданду либоси одии мехостагиашонро ба бар карданд, ки касе аз он на ифтихор мекарду на даъвои миллӣ будан. Мақсад аз овардани чунин лаҳзаҳо он аст, ки либос низ як ҷузъе аз фарҳанг аст, бо он метавон ғурури миллӣ ва ифтихори давлат кард. Беҳуда нагуфтаанд, ки «одаму либос-хонаву палос». Гарчанде ки маънои аслии ин мақол аз мазмуни гуфтаҳои мо андак дуртар бошад ҳам, вале дар ин ҷо овардани он хеле ба маврид аст.


Нуқс дар кист- тарроҳ ё овозхон?
Баъзе овозхонҳои эстрадӣ либоси миллиро тавре ба бар мекунанд, ки кас наметавонад фаҳмад, ки чунин либос хоси фарҳанги тоҷик аст ё не. Манзур ин нест, ки онҳо бояд либоси мувофиқи табъи дилашонро напӯшанд, балки он аст, ки либоси тоҷиконаро, ки бо шаклу шамоил ва тарзи махсуси дӯхташ (дизайн) аз намуди либоси миллатҳои дигар фарқ мекунад, мешикананд ва онро ба гунаи дигаре дӯхта мепӯшанд, ки аслан заррае ба либоси миллӣ монандӣ надорад. Масалан, яке аз овозхонони эстрадаи тоҷик Мино ҳангоми хондани як сурудаш бо номи «Масти мастат кенум», ки дар он ҷо калимаи «кенум» маълум нест ба кадом забон марбут буд ва ё шояд ӯ онро аз забони померӣ гирифтаву нодуруст талаффуз мекард, либоси «ғайриоддиеро» ба бар намудааст. Агар ба ин либоси ба баркардаи ӯ назар афканем, шамоилаш камтар ба алочаи померӣ монанд аст, вале мутаассифона он аз зону боло буда, ҳатто поҷома ҳам надорад. Дар мӯйи сараш пупакҳо ва дар пояш ҳам ҷӯробҳои померӣ. То кунун чунин либоси алочае надидам, ки бе эзор бошад. Аз ин тарзи либоспӯшии овозхон бинандагон кадом тарзи фарҳанги либоспӯшии миллиро муайян кунанд, ҳол он ки омехта буда, паҳлӯҳои асосиаш ноаён буданд? Ё овозхони дигари эстрадаи тоҷик Зулайхо Мамадшоева, дар як сурудаш куртаи «чаканмонанде»-ро ба бар кардааст. Ва дар пояш ҳам пойафзоли аз гули чакан дӯхташуда вуҷуд дошт, вале он ҳам бе эзор. Маълум нашуд, ки ин тарзи пӯшиш ё дӯхт низ марбути кадом бахши фарҳанги либоси тоҷикон аст?! Шояд онҳо бехабар аз он бошанд, ки либоси миллии мо, махсусан чакан, аллакай дар номинатсияи таҳия ва пешкаш намудани ҳунарҳои моддӣ ва ғайрмодии тоҷик қарор дорад ва агар овозхонҳо ва тарроҳони мо нисбаташ беаҳамиятона рафтор кунанд, чӣ хоҳад шуд? Дуруст аст, ки тарроҳони мо метавонанд аз матоъҳое, ки дар кишвари мо истеҳсол мешаванд (ба монанди атлас, адрас, чаккан ва ғайра) намудҳои гуногуни либосҳоро дар шаклҳои мухталиф (дизайн) бидӯзанд ва ба муштариён пешкаш кунанд, вале ҳоҷат ба тағйир додани шакли аслии либоси миллӣ нест, зеро мо онро ба дигарон танҳо дар шакли аслиаш муаррифӣ карда метавонем ва мегӯем, ки - ин либоси миллии мост!
Бинобар ин ба хотири чӣ мо дар ин ҷо овозхонҳои тоҷикро намуна овардем? Чун онҳо ҳама вақт дар нигоҳи ҳамагон ҷилвагар мешаванд ва баъзе бинандаҳои камсаводе низ ҳастанд, ки ба онҳо тақлид карда, чунин тарзи дӯхти либоси миллиро маъқул медонанд. Ва чанде баъд мебинӣ, ки чакан, атлас ва ё алочаи беэзор дар тан дар берун гаштугузор доранд. Ин хеле хандаовар ба назар мерасад, агар чунин куртаҳо дар шакл (дизайн) миллӣ дӯхта шуда бошанд. Аммо агар ғайри он (масалан, дӯхти аврупоӣ) бошад, он қадар боке нест.
Ҳароина, ҳам тарроҳон ва ҳам овозхонони кишвар бояд, кӯшиш кунанд, ки либоси миллиро ба таври махлут надӯзанд ва ё ба бар накунанд, ки ин ба таҳқири фарҳанги либоспӯшии мо оварда мерасонад. Бигзор ҳангоми ба саҳна баромадан кадом либосе, ки ба бар кардани бошанд пӯшанд, вале ба шакли томаш. Агар хоҳанд бо либоси миллӣ баромад кунанд, бигзор тамоми ҷузъҳояш миллӣ бошад ва ғайри он ҳам ҳамчунин. На ин ки куртаи тоҷикӣ, вале бе эзор ва ё куртаи аврупоӣ, вале ҷӯроби тоҷикӣ ё дар сарашон пупаки тоҷикӣ, вале дар танашон шим, яъне маълум нест, ки онҳо чӣ мехоҳанд. Либоспӯшӣ низ санъати баланди фарҳанг аст ва онро набояд коста гардонд. Махсусан, овозхонон ва ҳунармандон бояд ба он диққати махсус диҳанд. Мутаассифона, дар саҳнаи тоҷик овозхонҳои тасодуфӣ бисёр пайдо шуда истодаанд, ки на сурудашон маъно дорад ва на тарзи либоспӯшиашон муҳтаво.
Ба ҳар ҳол мақсад аз овардани ин матлаб маҳдудияти либоспӯшӣ ва ё шаклҳои дӯхти он нест, балки вайрон кардани намуди аслии либос- он ҳам танҳо либоси миллӣ аст, ки муайянкунандаи таъриху фарҳанги гузаштагони мо мебошад.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: