Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Конференсия Идоракунии экологии замин

Конференсия Идоракунии экологии замин

22-06-2017, 15:01
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0

Кишвари мо дар баробари дигар минтақаҳои дунё, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, ба тағйирёбии иқлим осебпазир маҳсуб меёбад. Тағйирёбии иқлим ба ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ, истифодабарандагони чарогоҳҳо, об, тамоми онҳое, ки бо кишоварзӣ машғуланд, хатари иловагӣ ба вуҷуд оварда, метавонад захираҳои заминро ба бодлесшавӣ, шусташавии қабати ҳосилхез, шӯршавӣ ва дигар дигаргуниҳои манфӣ мувоҷҷеҳ созад. Ин ҳама омилҳо боиси паст шудани ҳосилнокии замин, талафоти ҳосил, кам шудани даромаднокии кишоварзон, тарк намудани макони зист ва дар маҷмӯъ камбизоатӣ мегардад.
Бо мақсади пешгирии ин хатар, ҷорӣ кардани принсипҳои амниятии идораи захираҳои замин ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, фароҳам овардани имкониятҳо ҷиҳати ғанигардонии сармояи истеҳсолии сокинони деҳот барои беҳтар намудани идоракунии захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани қобилияти устуворӣ дар муқобили тағйирёбии иқлим, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ва Фонди глобалии экологӣ шурӯъ аз соли 2013 дар чаҳорчӯбаи Барнома оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (PPCR лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» (ELMARL) – ро амалӣ мегардонад.

Н. Худойбахшов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: