Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон дар ҷодаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим

Тоҷикистон дар ҷодаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим

12-09-2017, 15:03
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон дар ҷодаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим
Мувофиқ ба пешгӯйиҳо мамлакати мо дар ростои тағйирёбии сартосарии иқлим беш аз дигарон осебпазир аст. Намунаҳои ҳаводиси экстрималии табиӣ дар мисоли обхезиҳо, селҳои даҳшатнок, лағжиши кӯҳ ва ғайра дар ҷумҳурӣ аллакай ҳамасола ба мушоҳида мерасанд. Чӣ бояд кард, ки зиёну зарари оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба хоҷагии халқ ва аҳолӣ камтар гарданд? Барои ин, бо омӯхтани сабабҳои болоравии ҳарорат, олимон ба ҷуз мутобиқшавӣ ба он, яъне торафт коҳиш додани хориҷшавии гази ангидриди карбон(СО2) ба атмосфера роҳи дигареро тавсия намедиҳанд. Мусоҳиба бо Музаффар Шодмонов, мутахассиси пешбари Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озонии назди Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз тадбирҳое, ки дар ин самт дар мамлакат роҳандозӣ мешаванд, маълумот медиҳад.
- Муҳтарам Шодмонов, мегуфтед, ки таърихи омӯзиши тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон кай оғоз ёфт ва дар ин замина чӣ тадбирҳо амалӣ гардонида шуданд?
- Таърихи омӯзиши тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои 1998 сар мешавад. Соли 1992, вақте ки дар саммити Замин дар Рио де Женейро ҳамаи мамлакатҳо оид ба рушди устувор ва тағйирёбии иқлим созишнома ба имзо расонданд, бо ҳамин созишнома дар бораи таҳияи конвенсия низ ба имзо расид.
Тоҷикистон ин конвенсияро соли 1998 ба тасвиб расонид ва бо ҳамин уҳдадор шуд, ки ба таъсири тағйирёбии иқлим мубориза барад. Яъне дар доираи конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим Тоҷикистон тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, фаҳмондадиҳии аҳолӣ, таъмини технологияҳои нав ва кадрҳоро роҳандозӣ намояд.
Аз ҳамон соли 1998 ҳар як мамлакати конвенсияи СММ-ро эътирофкарда уҳдадор шуд, ки ба конвенсия оид ба чӣ чораҳо андешидану чӣ вазифаҳо дар назди худ гузоштан ва чӣ барномаҳоро амалӣ намудан ҳисобот пешниҳод намояд. Ҳамон сол Тоҷикистон нахустин Ахбороти (ҳисоботи) Миллии худро ба Конвенсия пешниҳод карда, баъд аз он Нақшаи миллии фаъолияташро доир ба паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим таҳия намуд, ки онро Ҳукумати ҷумҳурӣ 6 июни соли 2003 тасдиқ кард. Пас аз тасдиқи Нақшаи миллии фаъолият соли 2004 дар назди Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ Маркази тағйирёбии иқлим таъсис дода шуд, ки ин марказ нақши котиботи миллӣ дар назди ҳамоҳангсози миллии Конвенсияи меъёрии СММ (КМСММТИ) дар Тоҷикистонро мебозад ва ба зиммааш татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, банақшагирии сиёсати ягонаи соҳа ва иштирок дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим гузошта шудаанд. Ҳамоҳангсози миллии КМСММТИ дар Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии обуҳавошиносӣ маҳсуб меёбад. Ин марказ чорабиниҳои ба тағйирёбии иқлим алоқаманд, аз ҷумла барномаҳо, лоиҳаҳо, хулоса ҳамаи корҳоро ҳамоҳанг мекунад.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки дар мамлакат барои ҳалли мушкилоти ба тағйирёбии иқлим алоқаманд ва мутобиқшавӣ ба он асосҳои қонунгузорӣ ва институтсионалӣ гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи Нақшаи миллии амал (НМА) мо пештар бо ҳамаи вазоратҳо ҳамкорӣ мекардем, аз онҳо оид ба чӣ чорабиниҳо гузаронидану тадбирҳо андешиданашон дар доираи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири он дар чаҳорчӯбаи Конвенсия маълумот мегирифтем.
Аз соли 2004 ин ҷониб Маркази тағйирёбии иқлим кори худро оид ба ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки дар мамлакат аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, вазоратҳои соҳавӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба мутобиқгардонӣ ва паст кардани шиддати тағйирёбии иқлим гузаронида мешаванд, идома медиҳад.
Соли 2009 аз тарафи Бонки Осиёии Рушд нахустин миссия ба Тоҷикистон ташкил карда гузаронида шуд, ки намояндагони он бо ҳамоҳангсози Маркази тағйирёбии иқлими назди Агентии обуҳавошиносӣ вохӯрда, доир ба мақсаду вазифаҳо ва чигуна барномасозии мо маълумот гирифтанд. Баъд аз ин соли 2010 миссияи дуюми расмии онҳо бо иштироки мушовирон, ҳамаи намояндагони бонкҳо, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, ки нақши намояндагии Фонди иқлимии инвеститсиониро дар мамлакат ба уҳда доштанд, баргузор гардид. Аз сабаби он ки Тоҷикистон дар ин муддат ду Ахбороти миллии худро пешниҳод карда буд, осебпазирии бештари ҷумҳурии моро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз обхезиҳо, хушксолӣ, тармафуроӣ ва дигар ҳодисаҳои экстремалии табиӣ ба инобат гирифта, онро ҳамчун мамлакати пилотӣ интихоб намуданд. Яъне мамлакати пилотӣ ба он хотир, ки дар доираи он истифодаи Фонди инвеститсионии иқлимиро барои бунёди ояндаи Фонди Иқлими сабз ба сифати маҳак қабул намоянд.
Намояндагони ин миссия, ки аксарият аз бонкҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буданд, бо Ҳукумати ҷумҳурӣ вохӯрданд ва ҳукумати мо сохторҳои авлавиятдор (гидроэнергетика, кишоварзӣ, модернизатсияи Маркази обуҳавшиносӣ, яъне беҳтар кардани хизматрасонии огоҳкунӣ дар бораи обу ҳаво, баланд бардоштани зарфияти кадрҳо доир ба кори иқлим ва мустаҳкам кардани хати соҳили ҳавзаи дарёи Панҷ)-ро барои маблағгузорӣ пешниҳод кард.
Ҳамин тавр, бо назардошти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барнома соли 2010 оғоз ёфт.
Ин барнома Барномаи пилотӣ доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим («PPCR») ном дорад. Мақсади он аз интегратсияи масъалаҳои мутобиқгардонӣ ва устувории иқлим дар сиёсат ва нақшаҳои рушд, ки ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувор нигаронида шудаанд, иборат аст. Ин Барнома тавассути бонкҳои рушди байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Бо тавсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақшаи ин барнома як қатор сохторҳое мисли экосистема, захираҳои ҷангал ва замин, энергетика, хоҷагии об ва кишоварзӣ, ки аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим осебпазир дониста мешаванд, ворид гардидаанд. Барномаи пилотӣ аз ду марҳала иборат аст. Марҳалаи аввал марҳалаи баҳогузорӣ буд. Вақте ки Ҳукумат сохторҳои афзалиятнокро муайян намуд, дар марҳалаи аввал онҳо баҳогузорӣ карданд, ки чӣ қадар инвеститсия даркор аст ба ин сохторҳо, чӣ чораҳоро бояд роҳандозӣ намуд, корр аз чӣ бояд шурӯъ кард.
Марҳалаи дуюм соли 2013 оғоз ёфт ва ҳоло дар арафаи анҷомёбист. Метавон ин марҳаларо марҳалаи инвеститсионӣ номид. Марҳалаи якум солҳои 2010-2012 ва марҳалаи дуюм солҳои 2013 то 2017-ро дар бар мегирад. Албатта, барномаҳо гуногунанд. Қисме пеш мераванд ва қисме ақиб мемонанд. Дар марҳалаи аввал тадбири аз ҳама афзалиятнок модернизатсияи Неругоҳи барқи обии Қайроқум буд, ки дар марҳалаи дуюм ҳам идома ёфт. Дар назар аст, ки ин неругоҳ дар пиёдасозии Лоиҳаи «CASA-1000», ки пайвастани хати барқро аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ дар назар дорад, истифода бурда шавад. Дар ин неругоҳ айни замон ҳама механизмҳояш, аз ҷумла турбинаҳо, шлюзҳо, умуман ҳама агрегатҳояш иваз карда мешаванд. Ҳоло ширкати «Барқи тоҷик» масъалаи афзоиш додани иқтидори онро пеш гузоштааст. Он ҷо шаш турбина ҳар кадом бо иқтидори 21 МВТ кор мекунад ва ширкат мехоҳад, ки турбинаи ҳафтумро насб намояд.
-Оё маълумотҳое мавҷуданд, ки дар Тоҷикистон дар 50 соли охир иқлим аз ҳолати пешинаи худ чанд дараҷа бештар гарм шудааст?
- Бале, чунин маълумотҳо ҳастанд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистони мо бисёр гуногуниқлим аст. Агар ба таври умумӣ гирем, иқлими хушки континенталӣ дорем, вале агар Тоҷикистонро бо назардошти шароити кӯҳистон гирем, шароити иқлимӣ гуногун аст. Дар мамлакати мо вобаста ба минтақаҳои гуногуни он ҳарорат аз 60 дараҷа гармӣ то 60 дараҷа хунукӣ баланду паст мешавад. Агар дар минтақаи ҷанубӣ дар ноҳияи Шаҳритус ҳарорати аномалӣ то 60 дараҷа гарм бошад, дар баъзе мавзеъҳои ноҳияи Мурғоб зимистон хунукӣ ба 60 дараҷа мерасад. Чи тавре ки аз фани физика медонем, дар ҳар 100 метр баландӣ аз сатҳи баҳр ҳарорат ба 0,6 дараҷа тағйир меёбад. Яъне, вақте ки 100 метр баланд мебароед, ҳарорат поён мефурояд ва вақте ки ба поён, ба водӣ меравед, ҳарорат баланд мешавад.
Масалан, мо дар ноҳияи Шаҳритус аз самти шимол ба ҷануб тадқиқот анҷом додем ва дар ҳар 100 метри ҳаракат маълум шуд, ки ҳарорат 0,7-0,8 дараҷа баланд мешавад. Яъне, ин ҳисоби миёнаи омории баланд шудани ҳарорат аст.
Шимоли мамлакати мо ҳам минтақаи хушк аст. Дар он ҷо ҳам вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофии ноҳияҳо ҳарорат баланду паст мешавад. Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ бо дарназардошти ҳамаи минтақаҳо дар 50 соли охир ҳарорат ба ҳисоби миёна аз 0,20 то 0,80, ҳатто гуфтан мумкин аст, ки 10 аз ҳарорати муқаррарӣ боло рафтааст.
Тамоюли солҳои 40-уми асри ХХ нишон медиҳад, ки ҳарорат дар минтақаҳои гуногун ба таври гуногун баланд мешавад. Ба тағйирёбии иқлим, аз дараҷаи муқаррарӣ зиёд баланд шудани ҳарорат осебпазиртар аз ҳама минтақаи ҷануби Тоҷикистон вилояти Хатлон аст. Вале агар вилояти Хатлонро дар алоҳидагӣ гирем, дар он ҷо ҳарорат вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии ин ё он ноҳия дар водӣ ё кӯҳистон баланду паст мешавад. Дар водӣ ҳарорати аномалӣ (ғайримуқаррарӣ) ба 45-50 дараҷа мерасад, дар қисмати кӯҳистони вилоят-ноҳияҳои баландкӯҳи Муъминобод, Ховалинг, Сарихосор гоҳҳо ҳарорати ғайримуқаррарӣ то 40 дараҷа ва аз ин баланд шавад ҳам, аслан гармии муътадил 35 дараҷа аст. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳам гарм мешаванд. Минтақаи як қадар муътадил Бадахшон ба ҳисоб меравад.
- Вобаста ба Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим боз чӣ илова кардан мехоҳед?
- Бояд гуфт, ки соли 2015 дар масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим як соли муваффақе буд, ки дар он умдатарин конференсия доир ба тағйирёбии иқлим дар пойтахти Франсия шаҳри Париж баргузор шуд ва дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид. Дар ин конференсия тавофуқномаи Париж ба имзо расид. Мақсад аз ин конференсия мухтасаран гӯем, сатҳи болоравии ҳароратро камтар аз 1,5 дараҷа боздоштан аст. Мусаллам аст, ки ҳарорати ҳаво аз ғуншавии партовҳои газӣ дар атмосфера баланд мешавад, бинобар ин, онро камтар карда, ба дараҷаи минимум бояд расонид. Яъне, таъсири антропогениро ба атмосфераи замин бояд коҳиш дод.
Ғайр аз ин, мақсади тавафуқнома аз он иборат аст, ки ҳамаи уҳдадориҳои дар Конвенсия нишондодашуда бояд иҷро шаванд ва мамлакатҳои дар ҳоли рушд мисли Тоҷикистони мо ба маблағгузорӣ, ба донишҳо ва технологияҳои нав дастрасӣ дошта бошанд.
Н. Худойбахшов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: