DataLife Engine > Хабари руз > Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои оморӣ

Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои оморӣ


21-06-2017, 09:14. Разместил: orifi Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои оморӣ
Мутобиқ ба дастури Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кормандони кумиҷроия бо масъулини кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои санҷиши варақаҳои шахсии аъзоён ба роҳ монданд. Ин тадбир ба хотири муаяйн намудани ҳаракати аъзои ҳизб ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои оморӣ рўи кор омада, минбаъд низ чунин иқдом пайваста роҳандозӣ ҳоҳад шуд.
Масъулини ташкилотҳо дар як вақт бо кўмаки сарпарастон аз кумиҷроияи шаҳрӣ вазъи ҳуҷчатгузориро ба низом дароварданд. Ёдовар мешавем, ки шумораи аъзоён дар шаҳри Хуҷанд 15 744 нафар буда, онҳо дар 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 217 ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ омадаанд.


Вернуться назад