Санҷиши ташкилоти ибтидоӣ17-10-2016, 09:07
Хабарро хонданд: 261 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мудири шӯъбаи омори Кумиҷроия Ғуфрон Шарипов аз ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд» дидан намуд. Маълум гардид, ки дар ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти ҳизбӣ дуруст ба роҳ монда шудааст, зеро зиёда аз 124 нафар кормандони коргоҳ аъзои ҲХДТ мебошанд, ҳуҷҷатгузориҳою масъалаҳои дохилиҳизбӣ аз рӯи талаботи Кумиҷроия ба танзим дароварда шудааст. Аз ҷониби намояндаи Кумиҷроия барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти кории ташкилоти ибтидоӣ, пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ, ҷиҳозонидани утоқи корӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.