Таҳлили оморӣ дар ташкилотҳо идома дорад30-11-2017, 10:46
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади такмили фаъолияти корӣ, расонидани ёрии методӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ бо супориши Раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ташкилотҳои ибтидоӣ гурӯҳи кории кумиҷроияи шаҳрӣ бо сарварии мудири бахши омори кумиҷроия Замонова Ҳамзира санҷиш гузаронида истодаанд. То имрӯз дар қисми зиёди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маъракаи азнавбақайдгирӣ доир шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта муҳлат ва дастурҳои зарурӣ дода шуд. Таҳлилҳо нишон доданд ки на дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ ҳисоботи оморӣ ба таври зарурӣ ва мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора ба онҳо дар семинари дастурдиҳие, ки дар кумиҷроия доир гардид ёдрас карда шуд. Санҷиши оморӣ ва азнавбақайдгирии аъзоёни ҳизб дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.