Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

САГИ ДЕВОНА

20-06-2017, 11:25
Хабарро хонданд: 505 нафар
Назарҳо: 0
САГИ ДЕВОНА
Тараххаси дари квартира маро як қад паронд. Ҷаста аз диван хестам. «Чӣ гап бошад?». Шарфаи ба подарӣ бархӯрдани чизи дигаре шунида шуд ва пас фиғони имдодталабонаи саге тамоми бинои чаҳорқабатаи истиқоматии шастквартирадорӣ моро ларзонд. «Робинзон Крузо» - ро ба рӯйи миз ҳаво дода, ба даҳлез баромадам. Писарчаи чорсолаам бо ҳаяҷон аз ҳуҷраи ҳамшафат берун шуд.
- Дада, дар! Овози саг, дада!
Ба пушти дари баромад расам-нарасам касе пуризтироб фарёд зад:
- Ҳам-со-я!
Синчакорона аз чашмаки дар нигоҳ кардам. Хол, дар як даст чӯби фаршшӯӣ, дар дасти дигар туфлии пошнабаланди куҳнаи занаш, муқобили чизе ё касе омодаи ҳуҷум меистод. Завҷааш Руқиябону ва духтари дувоздаҳсолааш Марзия, яке дар даст ҷорӯбу дигаре ҷадвали хаткашии мактабӣ, аз қафои Хол «силоҳҳояшон» - ро болои сар бардошта, ба кадом як задухӯрди шадиде тайёрӣ медиданд. Кунҷи девори пойгаҳи дари квартираашон як сумкаи калони бозорӣ дамида мехобид.
Эҳ, Хол, Хол… Шерамард бабало намегардад-да. Ба шунидам, дина аз Харков панҷоҳ рӯймоли занонаи японӣ овардааст. Аз афташ, ягон бахил… Фарёди саг аз куҷо? Хол киро заданист? Эҳ, кӣ медонад чӣ гап?..
Дарро кушода, берун баромадам.
- Э, валлоҳ, агар ҳамин обчиҷит чаппа шавад ҳам, ягонтаатон аз хона намебароед-е! – бозарда гуфт Хол ва ба рӯйи аз тарс пӯкида сафед гаштааш сурхӣ давида, бо манаҳаш ба поён ишора кард:
- Ин саги балора бин.
Ман нигоҳ кардам, саг буд, вале «саги бало» набуд. Дар кунҷаки девори ҳамворичаи гардишгоҳи зинаи бетонӣ ба ошёнаи сеюм модасаге меистод сиёҳрангу баданхароб ва пистонҳояш кашол ба таги шикамаш. Аён буд, ки ба ҳамин қарибӣ кучук зоида, азоби бисёре кашидааст бечора. Ҳоло бошад, аз зарбу лати ҳамсояи ман Хол раҳгум зада, бо сари хаму фуки овезон тарсону ларзон пушт ба мо дода, рӯ ба девор, рӯ ба раҳми Худо меистод модасаг.
- Ҳайвон безарар барин, ҳамсоя. Бачадор аст ин саг, - гуфтам ба Хол баъди дурустакак зеҳн монда тағбино кардан.
- Ту аз куҷо медонӣ? – ҳайрон шуд Хол ба сагшиносии ман шубҳа карда. – Ана, ҳамин хел сагҳо одамхӯранд. – А саг! А саг, тур!! – чӯби фаршшӯиро бехудонаю пуртаҳдид болои сари ҳайвон алвонҷ дод ӯ.
Аз ҳарос миёни серпашми ҳайвон саҳл ларзид. Вале аз он ҷунбиши аёнтари дигаре зоҳир нашуд. Бо сари хаму фуки овезон саг ҳамоно ором меистод. Гӯиё ба андеша рафта буд.
- Ина бин, а. Писанд намекунад, е! Гапи туву гӯши кашоли ман, - ду-се поғунда поён фуромада, бо чӯби фаршшӯиӣ ба шиками саг хала зад Хол. - Тур, гум ша!
Ҳайвон аз зарбу дарди ногаҳонӣ якбора нисфи миёнашро қат карда, қафо тоб хӯрд, чӯбро бо дандонҳояш газид. Хол ба таҳлука афтод, чӯбро силтав зада кашид. Саг аз зӯри силтави Хол бехудона масофае пеш омад, вале чӯбро аз зери дандонҳои гизшудааш сар надод. Хол фаршшӯякро раҳо карда, ҷонҳавл боло гурехт. Зану духтараш ҳам бо таҳлука пасопеш худро ба даруни квартираашон заданд.
- Нашуд. Ба милитсия хабар додан даркор, - гуфт Хол нафастанг шуда ва нохост чизеро ба хотир овардагӣ барин ба сумкаи калону «фарбеҳ» - и дами дар истодааш нигоҳе карду аз гуфтааш сад пушаймон, қиёфааш тағйир ёфт. Вале ӯ худро бо як берӯӣ шердил нишон дода, завҷаашро садо кард: - Занак! Ҳо занак! Бигир сумкара дарун дарор!
- Милитсия чӣ даркор,- хатои ҳамсояро кӯр карданӣ шудам ман. – Бе милитсия ҳам мешавад. Гуфтам-ку, ҷонвар раҳгум задагӣ. Саҳл ба худ ояд, худаш баромада меравад.
Хол якравӣ кард:
- Э-ҳа! Аҷаб одам будаӣ. Ҳамин хел истодан мегирем, ки кай ин саги паъат ба худ меояд? Имрӯз ман ҳазору як кор дорам. Ба бозор рафтанам даркор. Бозор хунук шавад, дигар рафта чӣ кор мекунам?
Бо ҷону дил ба ҳамсоя мадад расондан мехостам, вале чӣ тавр, намедонистам.
Ин дам модасаги сиёҳмӯйи гӯшдароз чӯби фаршшӯиро аз миёни раддаи дардонҳояш раҳо карда, дар майдончаи гардишгоҳи фурудойӣ ба ошёнаи сеюм тирезаи равшанро дида баромадгоҳ мепиндошту чархзанон хез гирифта, кӯшиши аз он ҷо берун шудан, аз вартаи бечорагӣ худро халос кардан дошт. Аммо зертахтаи тиреза баланд буд; чанголи пойҳои пеши саг саҳл ба лаби он расида, харош кунанд ҳам, ҷонвар баромада наметавонист, бахташ наметофт. (Боз камтараки дигар қад медошт!). Беилоҷ баъди ҳар кӯшиши бебарори халосӣ дар майдончаи таги девори тирезаи баланду равшан чарх мезаду чарх мезад. Ҳоли ҳамсояи ман Хол аз ҳоли саг беҳ набуд. Вай паҳлӯи ман, дар ҳамворичаи даромадгоҳ ба квартираҳо як пайи туфлии пошнабаланди куҳнаи завҷааш дар даст карахту ҳайрон рост меистод.
- - Ҳой, мардак! Дар идораи хонаҳо як ҷӯраи кариси сагпарон доштӣ-ку! Ҳо, як рӯз хонаамон омада буд, а! Ана, ҳамуна телефон бикунӣ-чӣ?- аз дар берун баромад зани Хол, ки баъди дар даҳани саг мондани фаршшӯяк барои дарёфти силоҳи нави бақувваттаре ба квартира даромада буд.
Хол аз ин бозёфти занаш хурсанд шуд ва дере нагузашта овози баланд ва як қадар ғафсу омиронаи ӯ аз дари вози квартирааш ба гӯш расид, ки мегуфт:
- Идораи хонаҳо! Идораи хонаҳо аст ин ҷо мегӯм?! Карӣ, ки намешунавӣ? Чӣ? Чӣ гуфтӣ? Таваллудхона? Тффу! Ҳе, бар падараш лаънат ин телефона, е!..
Лаҳзае хомӯшӣ. Хишир-хишири рақамчинаки телефон..
- Ало, ало! Идораи хонаҳо? Не, милитсия? Ман… Хайр майлаш. Гӯш бикун, ҷӯра. Гап ҳамин: зуд таппончаатро пури тир карда, давида биё. Ба даромадгоҳи якуми хонаи биступанҷум биё. Чӣ-чӣ? Чӣ ҳодиса шуд, мегӯӣ? Эҳ, ҳодиса аз ин намегузарад. Як саги бало дар мобайни зина роҳро бастааст. На фуромадан мемонаду на боло баромадан… Чӣ-чӣ? Шумо ба саг кор надоред? Шумо кор надошта бошед, кӣ кор дорад? Ҳе, мон, е! Ҳе, ман медонам шуморо! Ба шумо одами маст бошад, шуд. Маст бошад, ки дошта кисаашро таконед. Э, ҳолӣ истед. Ҳамту намемонам ман ин корро. Хайр, ана мебинем!..
Хол аз квартирааш малул баромад.
- Чӣ кор кунем, а? – ба ман нигоҳ накарда гуфт ӯ ва бо таҳассури бечорааҳволона ба саг нигарист. Нафаҳмидам, ки суоли маслиҳатомезро ба ман дод ё ба саг. Ба ҳар эҳтимол, ниҳоят эҳтиёҷманд будани ӯро ҳис карда гуфтам:
- Саг гурусна барин, ҳамсоя. Ба пешаш ним бурда- ним бурда нон партофта, фиреб дода поён фурорем-чӣ?
- Ҳозир мебинем. Ку камтар нон биёр, - нобоварона розӣ шуд Хол.
Ман зуд ба хона даромада, аз қабати дастурхон се-чор бурда нони шабона аз даҳони бачаҳо мондаро ёфта баровардам.
- Ба ман те, - гуфта Хол нонро аз дастам гирифт ва зинаро ду-се поғунда фуромада, бурдаеро ба пеши саг як қадам дуртар ҳаво дод:
- Куч-куч-куч! Баҳ-баҳ! Бихӯр, бихӯр!
Саг лаҳзае аз гардиш бозистода, ба Хол нигоҳи пурандӯҳе партофту ба бурдаи нон эътибор надода, аз нав таги тиреза ба чархзанӣ даромад.
- Ин саг бебало нест. Чашмҳоша бин – суп-сурх, - тарсомез оҳиста гуфт Хол, чашм аз чашми саг накандаву нарм худро боло гирифта. – Одамхӯр менамояд, паъат?
- Ней,е! Воҳима накунед, ҳамсоя. Гуфтам-ку, раҳгумзада барин, - бори дигар Холро ором карданӣ шудам ман.
- Ту намедонӣ, - пасту бекина базӯр овоз баровард ӯ. – Як камон мешуд, мепарондем, - ва ба мулоҳиза рафт. – Дар ин обчиҷити паъат ақаллан як камон ҳам нест.
- Парондан мумкин не, - ҳамчунин нарм ӯро рад кардам ман. – Саг бесоҳиб бошад, гапи дигар. Рафту соҳиб дошта бошад, товон меандозад, суду судбозӣ мекунад. Худатон хуб медонед: ҳозир дар бозор нархи саги хуб 200 сум.
- Эҳа, ина ба як пули пӯчак намегиранд, - гуфт ранҷидахотир Хол.
- Шояд. Лекин қадри мурда ҳамеша аз қадри зинда баланд.
Аз поён, ошёнаи сеюм, дари квартирае ғиҷиррос зад. Дере нагузашта сари рӯймоли японипӯши завҷаи мудири шуъбаи мубориза ба дуздиии моликияти ҷамъиятии Раёсати корҳои дохилӣ Улфатшоев – Таманнобегим ва сипас қомати миёнаи хушрехти ӯ аз таги зинаи бетонӣ намудор гашт. Вай шитобкорона боло мебаромад. Нохост чашмаш ба саг афтиду телба шуда истод.
- Ҳамсоя, ақиб гард! Дар болот саг! Саги одамхӯр!– фарёд зад Хол осемасар . – Эҳ, нагуфтам, ин саг, паъат, охир ягон касро мехӯрад.
Аз тарси саг, аз афташ, ба бадани зан мурғак давид. Вай чашм аз ду чашми мутаҳайиру пурандӯҳи саг наканда, бо дасту дили ларзон панҷараи муҳофизатии зинаи бетониро қапида-қапида оҳиста поён лағжидан гирифт. Бо азобе худро ба назди дари квартирааш расонда, дарро базарб тела доданӣ шуд, Хост зуд ба квартира дарояд. Вале дари гоҳи баромадан сахтакак пӯшидаи қулфи англисидораш кушода намешуд. Зан пуртаҳлука гурс-гурс дарро кӯфта, саропои подездро бо овози чирросиаш ларзонд:
- Э, кушо! Кушо дара Сурайё! Кушо, ки саг мара хӯрд!
Дар шараққосзанон боз шуду ба пойгаҳ Улфатшоеви паканаи фарбеҳ ва каллакалон баромада, лабонаш моили табассум ба занаш нигарист:
- Ҳа, чӣ гап?
- Саг… Саг, дадеш! Зуд хона дароед! Шуморо газад, боз ба бало мондагӣ – ман, - ва якбора ғайраташ бедор шуда, рӯболо ба қади подезд аз поён ба боло ва аз боло ба поён овоз сар дод: - Ҳо, Руқиябону-ҳу-у-у!
- Лаббай. Чӣ мегӯӣ, очаи Сурайё? – аз боло саргаҳи зина омада, ҷавоб дод зани Хол.
- Э, дугона, ҳамун утии дина бегоҳӣ бурдагита биёр. Дадаи Сурайё имрӯз ҳам дар идора чӣ коре дора… Либосҳош утӣ нокарда.
- Ҳозир, дугона.
Руқиябону рафта аз квартирааш утюгро овард.
Модасаги сиёҳи гӯшдароз ва пистонкашол ин дам аз чарх заданҳо ва ба қади девор то тиреза хез гирифтанҳои зиёд шалпару лакот шуда, чун гӯшанишинони қадим рӯ ба девор истода дам мегирифт. Ҷонвар пайваста дил мезад, ҳак-ҳаккунон забони сурхашро дароз бароварда, нафас мегирифт, аз ду кунҷи даҳони калон кушодааш ғоз дода луоб мешорид. Он дар ҳамин ҳолат ҳам гӯиё чуқур ба андеша рафта буд, илоҷи вақеа меҷуст.
- Э, дугонаҷон,е. Ин утира чӣ хел медиҳам ман ба ту. Аз ин ҷо ин қадар баланд, - шикваомез лабханд зад Руқиябону.
- Парто, медорам, - ҷасурӣ нишон дода, ду поғунда боло баромад Улфатшоев. Вай ба гапи занаш гӯш накарда, ҳоло ба хона надаромада буд.
Руқиябону дасташро пеш бароварда, утюгро ҳаво додан хост.
- Не, напарто! – қатъӣ гуфт Таманнобегим ва бо кароҳат ба рӯйи шавҳараш нигарист: - Дошта натавонеду ба бетон зада шиканад, боз ман гунаҳгор!
Улфатшоеви музтармонда худро аз хиҷолат вораҳонд:
- Бепарво бош, занак. Даркор бошад, пагоҳ якта аз ин зӯртарашро меоранд.
Таманнобегим аз поён калла кашида, ба боло, ба дасти утюгдори Руқиябону нигоҳе дӯхту якбора тадбир ёфт:
- Ҳавай.. аз бандаш кашол бикун – чӣ, дугона. Бандаш мерасидагист.
Утюг овезон шуд. Таманнобегим даст дароз кард. Дасташ нарасид. Улфатшоев хост ба занаш кӯмак бикунад, вале як ба қади худу як ба қади занаш нигоҳ карда даст афшонд. (Худо аз қад надод-да!)
- О, миёнта андак қат бикун! – ба сӯйи Руқиябону шӯрида, дубора даст ба ҳаво бардошт Таманнобегим.
Руқиябону нисфи баданашро аз сари панҷараи муҳофизатии гардишгоҳи зина поён овехт. Дасти Таманнобегим ба утюг нарасид, ки нарасид.
-Ҳа-а-а… Боз камтарак, - Таманнобегим баданашро пружинавор сиққонда, якбора боло ҷаҳид. Нӯги ду ангушташ ба лабаки утюг мисли дами анбур андармон шуд. Руқиябону зуд рамузгирона сари шнури утюгро аз даст раҳо кард. Утюг вазн андохт. Ангуштони Таманнобегим тоб наоварданд.
- Ҳа, биқап! – фарёди зани Хол деворҳои подездро тарсонда ларзонд.
Утюг тараққос ба зинаи бетонӣ бархӯрда, ду-се помонак поён ғелид ва аз канори кушодаи зина боз хато хӯрду парвозӣ шуд. Модасаги сиёҳпашми пистонкашол аз садои баланди утюг ваҳмида, ба танг омад. Зингос зада, дар кунҷи девор, ҷойи исташ ду-се бор тоб хӯрда, саргум якбора сарозер қад-қади зина поён давид. Улфатшоев ва занаш пасопеш ҷонҳавл худро ба сӯйи дари кушодаи квартираашон ҳаво доданд. Як пойи мард аз теғаи поғунда ғеҷид. Ӯро гӯиё ях паронд. Ақибакӣ чаппа шуда, думбаи калонаш шарт ба поғундаи бетонӣ зад. Таманнобегим тани худро дошта натавониста, рафта болои шавҳараш ғелид. Модасаг гумон бурд пеши роҳашро баста, ба дом меафтонанд. Аз ҳарос дарунакӣ ғуррида, хез гирифту аз болои зану шавҳар парида гузашт. Зану шавҳар аз тарси саг ноҳинҷор садое бароварда, болои ҳам ҷафсу карахт шуданд. Филфавр Хол бо завҷаву фарзандонаш, зани Рамазони буфетчӣ бо се духтарчаву як бачааш (худи Рамазон набуд), ман бо ҳамсару чор кӯдакам – як армияи калон шодона шавқун бардошта, поён давидем.
- Саг рафт!
-Саг гурехт!
- Саг хато хӯрд!
Армия ногаҳон истод. Улфатшоев ва занаш бо баданашон роҳро баста буданд. Ӯ, ки дар аввал аз саг сахт тарсида буд, акнун дар таги бадани Таманнобегим пуштнокӣ хобида, бо густохӣ намоишкорона қиқир-қиқир механдиду «Худо дод» гӯён дастонашро ба гардани завҷааш ҳалқакунон ӯро сахт ба оғӯш мекашид ва аз лабонаш бӯсаҳо меситонд. Занак «Қилиқатон хушк шавад, носерам» гуфта, дастакзанону почакҷунбон талвосаи аз канори ӯ халосӣ дошт. Ман Лайлию Маҷнунро бо зораю тавалло ба по хезонда, ба худу дигарон ба поён роҳ кушодам. Армия ҷунбид, армия поён давид. Пешопеши он намояндаи синфи коргар, сарлашкар Хол мерафт. Мардак бо аҳли оилааш, ман бо аҳли байтам, мо ҳама хурсандӣ доштем, ки ниҳоят аз саги қайсару якрави одамхӯри лаънатӣ халос шудем. Аммо хурсандиамон чандон тӯл накашид. Сарлашкар ба майдончаи гардишгоҳ ба ошёнаи дуюм расам-нарасам таконе хӯрду ларзид ва «уй, лаънатӣ, е!» гӯён чаппасар боло гурехт. Армия нафас ба дарун зада, аз давидан бозистод, армия нафас бароварда, ақиб гашт.
Модасаги сиёҳпашми гӯшдарози пистонкашол акнун тирезаи девори гардишгоҳ ба ошёнаи дуюмро баромадгоҳ пиндошта, қад меёзонду ба лабаки тахтаи тагтирезагӣ чангол зада, ханҷол мекашид; кӯшиши ба кӯча баромадан, аз вартаи бечорагӣ халос шудан дошт. Вале тагтирезагӣ баланд буд. (Худо ба ҳайвони бечора боз камтараки дигар қад медод!). Ҷонвар баъди ҳар як кӯшиши бебарори ҷонхалосӣ беилоҷ дар майдончаи таги тирезаи равшан чарх мезаду чарх мезад. Дил дар қафаси синааш тез-тез дар шинухез, ҳаккаскунон нафас мегирифт. Чашмонаш сурх, танг ва пурандӯҳ, забони сурхи дарозаш берун, аз ду кунҷи даҳони калон кушодааш ғоз дода, луоб мешорид. Ҳоли ҳамсояи берӯзии ман Хол бошад, аз ҳоли саг ҳам бадтар буд.
Ғалоғӯла ба ҳама кунҷу канори подезди бино сар дароварда, хурду калонро берун кашид. Одамон эҳтиётан назди дари квартираҳояшон истода, ҳодисаи ба ошёнаи чорум чӣ хел баромадани саги дайдуро муҳокима мекарданд, ба ҳамдигар маслиҳат медоданд; як ошёна аз сари панҷараи зинапоя калла кашида, ошёнаи дигарро аз оқибати ин балои ногаҳонӣ огоҳ месохт, як ошёна ошёнаи дигарро барои ба саг роҳ доданаш сарзаниш мекард, як ошёна аз ошёнаи дигар гап мегирифт, як ошёна ба ошёнаи дигар гап мепаронд.
- Гӯш кунед! – баланд шуд аз поён овози сокини ошёнаи якум, бобои Сашаи харобапайкари қоматбаланд, ки ба майхорагӣ дар тамоми маҳалла машҳур гашта буд. – Ана, ман дида истодаам, ки саг маст. А-ҳа, туппа-туғурӣ маст. Ҳозир ҳамин хел касофатҳо ҳастанд. Ҳам худашон мехӯранду ҳам ба сагашон медиҳанд. Баъд… ана, ёбу гир. Медонед, инхела саги маст одама пора-пора мекунад, зинда ба зинда мехӯрад. Эҳтиёт шудан даркор.
- Хайр, чӣ кор кунем, чӣ маслиҳат медиҳед, дед Саш? – аз боло мепурсад таннози Улфатшоев Таманнобегим.
- Гуфтам-ку, эҳтиёт шудан даркор.
Касе дари квартираеро дар ошёнаи дуюм гурс-гурс бо мушт мекӯбад. Лаҳзае пас тараққоси кушодашавии дар ва гуфтугӯ ба гӯш мерасад.
- Дугонаҷон, ҷонам садқат, дар пеши пот мурам. Ту дар девонахона кор мекунӣ, медонӣ. Чӣ мешавад, ки ҳамин саги паъата як бубинӣ. Яккӣ девона набошад?
- Ку саг? - овози Мусалламаи духтури касалиҳои рӯҳӣ.
- Ана, ана, дар кунҷи девор.
- Нишонаҳои одами девона аз саги девона фарқ доштагистанд, мегӯм, - шавҳари Мусалламаи духтур Содиқи актёр пеш аз завҷааш ба ташхис мепардозад.
-…
-И-и-и… Ин саг девона, дугона. Чашмаша бин. Алав мереза,е! Не, хато намекунам. Аниқ девона. Девонаи дараҷаи олӣ.
- Наход? Паҳ, бар падараш лаънат-е!
- Мардум! Саг девона будааст. Гурезед! – ҳамсояи ман Хол аз лаби зинапоя истода, ба тамоми чаҳор ошёна овоз меандозад.
- Саг девона будааст!
- Наздик нашавед!
- Гурезед, нагазад!
- Саг девона!
- Девона! – аз чаҳор ошёна дар як вақт нидоҳои тарсомез баланд шудан мегирад.
- Дигар чӣ кор мекунем,а?
- Оҳ, Худоё! Бачаякам Ашраф бозӣ мекунам гуфта, ба ҳавлӣ фуромада буд. Ашраф-у-у-у! Аз дари подезд гурез, бачам! Саги девона нагазад!
- Гӯш кунед! Боз нашунидам нагӯед. Саг яқин девона аст, газад зинда мондани кас дар гумон. Заҳри дандони саг ба ҳуҷайраҳои асаб мегузараду кор тамом...- Мусаллама аз афташ, ба намоиши донишаш фурсати қулай меёбад.
- Э, бас кунед,е! Шумо ҳам духтур шудеду ... Одамкушҳо! Табобаташ душвор будааст, а? Ана, амрикоиҳо ёфтанд-ку! Япониҳо ёфтанд-ку! – мешӯрад Дед Саша.
- Доруяш камёфт, Дед, доруяш, - мулоим мегӯяд Мусаллама.
- Эҳ! Камёфт, камёфт... Доруя ба ҷаллобӣ нафурӯшед-да!
- Шумо чӣ? Бадмастиатон фаромӯш шуд? – ба муҳофизати занаш сар мебарорад аз балкон Содиқи актёр.
Дар подезд ғалоғӯла, шӯру мағал, тӯфаланг. Кӯдаке дар дасти модар чирросзанон мегиряд, зани бебоке қиқир-қиқир механдад, марди дағале касеро дағалона дашном медиҳад.
Ғайричашмдошт ин дам дар ошёнаи дуюм дари қариб ҳамеша пӯшидаву хомӯши чарминпӯш ва чашмакдори квартираи кунҷакии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ахмед Киримович Бозургов бошиддат кушода мешавад. Қиёфаи роҳбари дастгоҳ ҷиддӣ ва мутакабир аст.
- Тинҷӣ- мӣ худаш, рафиқон?
- Тинҷӣ.. Ҳеҷ гап не... Як саг... ҷавоб дод сарлашкар Хол бо мулоимат.
Ҳамсари торҳои асабаш доим таранг ва теззабони ман ба ғазаб омад:
- Балора тинҷӣ! Ҳамин ҳам зиндагӣ шуд? Кай дар ин шаҳр тартибот ҷорӣ мешавад? Кай? Кӯдакҳо аз дасти ин сагҳои девона ба ҳавлӣ ҳам баромада наметавонанд!..
- Саги девона? – ранги рӯи роҳбари дастгоҳ хокистар барин меканад.- Наход?.. Уҳ, касофат,е! Хайр... Ором шавед, рафиқо. Ором шавед... Аслаш, мубориза зидди саг – ин вазифаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ не, вазифаи бевоситаи идораи хонаҳои шаҳр. Лекин, майлаш, ба хотири ҳамсоягӣ ёрдам мекунам. Ҳозир чора мебинем. Ҳоз-зир! – Ахмед Киримович саросема ба квартирааш даромада, дарро аз ақибаш шараққӣ мепӯшад. Ӯ, аз афташ телефон карданӣ.
- Бачаҳо! Худатон нағз медонед, ки туалети хонаи ман кор намекунад. Ман дар поён кори зарур дорам. Саг хӯрад ҳам, меравам. Дигар тоқат намонд, - мегӯяд Сулаймони Ғафс шиками дамидаашро (Худо гирад инхела шикама!) хор-хорон бар зидди беадолатӣ баромада.
- Исто!
- Номаъқулӣ накун!
- Аз ҷонат сер шудӣ, чӣ?
- Мардака зӯр омадааст. Фаҳмидан даркор. Биёед, ба як қарор оем. Набошад, то пагоҳ ҳамин хел истодан мегирем, - гӯён ба миёна маслиҳат меандозад «сарлашкар» Хол.
- Бигӯ, охир! Чӣ кор кунем? – мешӯрад касе ба танг омада.
- Таёқшап набарорем, намешавад!
- Эҳа, ёфтӣ! Яккӣ саг аз дами таёқ хато хӯраду «аф!», ба биқини ягонтаамон дандон халад?
- Ин қадар натарс!
- Чӣ ҷойи тарс?
- Хайр, шуд! Ку таёқҳоро гиред! – амр мекунад Хол.
- Афандӣ, дар ин обчиҷит таёқ аз куҷо?
- Ҳа, хайр. Швабр ҳам бошад, мешавад.
- Мо швабр надорем.
- Гарданшахӣ бас! Наход дар хонаат ягон сандали куҳна набошад? Ана, бо ҳамон ба сари саг сахт мефарорӣ.
- Аввал зану кӯдакҳоро ба квартираҳо даровардан даркор. Мабодо...
- Дуруст. Зану кӯдакҳо дароянд.
- Эҳа! Мо аз шумо мардҳо чӣ камӣ дорем? Паҳлӯятон истодан мегирем, - мегӯяд зани Улфатшоев арроз карда.
- Занҳо дароед. Зуд дароед!
Занҳо хоҳам-нахоҳам ба квартираҳо медароянд. Зани ОБХСС аз якравиаш намемонад. Худи ОБХСС бошад, номаълум аз байни мо ба куҷое ғайб задааст.
Дар як дам мо ҳама мардон силоҳдор мешавем. Яке дар даст фаршшӯяк дораду дигаре сандал, сеюм болғаву корд, чорум ғалтаки зуволапечонӣ.
- Сар кардем, бачаҳо!
Чанд тан бо силоҳҳои омода ба саги сиёҳпашми пистонкашоли девона наздик мешаванд. Онҳо чунон оҳиста, чунон эҳтиёткорона ҳаракат мекунанд, ки гӯиё ба разведка ва ё ҷанги шадиди рӯбарӯ мерафта бошанд. Якбора талапотулуп ба сари саг чун гулӯла аз боло сандал меборад. Гулӯлаҳои сандалӣ ба сару пушту шикаму пистони модасаг, бари девор ва рӯйи бетони урёни зина бархӯрда, ҷонварро ба танг меоваранд. Саг баъди зарби гулӯлаҳои сандагӣ боз дар пушт дарди чӯбҳои таёқмонанди ғафсу вазнин ҳискунон дуқат шуда, тобхӯрон роҳи халосӣ ҷуста, поён медавад.
- Гурез саг омад!
- - Саг омад!
- Саг омад!
Чандин дари чаҳор ошёнаи подезд тараққос зада, пӯшида мешаванд.
Мардҳо меҷунбанд, мардҳо ба ҳаракат меоянд, мардҳо поён мефуроянд. Ба умеде, ки ... дигар рӯйи саги девонаи шумро набинанд. Аммо модасаг чӣ кунад, ки раҳгум задааст, роҳро намеёбад ва тирезаи ошёнаи дуюмро баромадгоҳ пиндошта, зӯр мезанаду майли берун рафтан мекунад. Тагтирезагӣ бошад, баланд аст, чанголҳояш харош зананд ҳам, ба лаби он намечаспанд. Қоматаш пастӣ мекунад. Ва он ба ёди кучукчаҳои ҳоло шояд гурусна ва хору зораш, ба ёди кӯчаю майдонҳои васеъ, ба ёди одамони орому безарари раҳгузар ва офтоби шуълабори болои сар даруни дил нола мекунаду гиря мекунад, ба умеди баромадан ба берун бо чашмони пурандӯҳ, гӯшҳои дарози лапар, даҳани воз, забони сурхи овезон дар ҳамворичаи гардишгоҳ ба ошёнаи якум саргум чарх мезанаду чарх мезанад. Модасаги сиёҳпашми харобапайкар ва пистонкашол дар ҳамин ҳолат ҳам гӯиё ба андеша фурӯ рафтааст.
Индам боз дари квартираи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ахмед Киримович дубора кушода мешавад.
- Хайр,чӣ хел, рафиқҳо? Сагро рондед?
- Ҳа, ронда истодаем, - ҷавоб дод боз Хол.
- Хеле поён фуровардед-ку! Нағз. Боз як кӯшиш кунед, тамом. Ба ҳамаатон маълум, ки саги девона кори ҳукумати шаҳр не. Лекин ман ёрдам мекунам. Ҳоз-зир.
Ахмед Киримович пас гашта, аз нав ба квартирааш медарояд. Дари квартирааш аз қафояш шараққосзанон қулф мешавад.
Ба сару тану пушту гардани модасаги сиёҳпашми пистонкашоли девона боз гулӯлаҳои сандалӣ меборанд, боз ҷонвар дар пушт дарди чӯби таёқмонанди вазнине ҳис карда, дар худ мепечаду саргарангу саргум дар фироқи кучукчаҳои ҳоло шояд гуруснаю хору зораш, дар фироқи кӯчаю майдонҳои васеъ, дар фироқи одамони меҳрубону орому безарари раҳгузар ва офтоби тобони болои сар пурдарду ҳасрат даруни дил нола мекашаду гиря мекунад, дар ҳамворичаи гардишгоҳба ошёнаи якум чарх мезанаду чарх мезанад.
... Ва пас аз ним соати асирӣ, баъд аз ним соати зарбу лату дашному ҳақорат, дупӯписаҳои зиёд, пас аз ним соати ҷудоӣ аз кучукчаҳову кӯчаҳову майдонҳои васею одамони меҳрубону безарар ва офтоби тобону рахшони болои сар аз квартирае дар подезд соҳиби хурдакаки тахмин ҳашт-нуҳсолаи он – духтараки пуршафқати ширинзабон яккӣ дар наздаш, таги фукаш пайдо мешаваду сару гардану танашро навозишкорона силла мекунад:
- Хайбарҷон, Хайбар. Ман хонаи момоям даромадам, мултик дидам, шакалоту ҳасиб хӯрдам, ана ба ту ҳам овардам. Ту раҳгум задӣ? Раҳгум задӣ, Хайбарҷон? Ана, биё меравем. Биё, меравем. Ба хонамон меравем.
Модасаги сиёҳпашми харобапайкари гӯшдарозу пистонкашол аз ақиби духтарча равон мешавад. Мо ҳама мардон фаршшуяку сандалҳо дар даст омодаи ҳуҷум аз қафо ба духтарчаву саги девонаи ӯ нобоварона нигоҳ мекардем. Дар хамгашти подезди якум саги девона бо соҳибакаш аз чашми мо нопадид шуд. Мо ҳама аз қафаси сина нафаси вазнину дарозе баровардем. Акнун сабук нафас мекашидем. Акнун сабук нафас мекашидем, ки рӯяш ба куни дег сиёҳ, овози Ятимчаи масхарабоз аз дами даромадгоҳ ба саропои подездамон ғулгӯл меафканад:
- Бача гурез саг омад! Саги девона омад!
Нафас дар гулӯямон мепечад. Саркану покан, ҷонҳавлӣ, бо ҳама қуввате, ки дар бадан доштем, зинаи подездро аждаҳорвор ба комамон даркашида, худро ба квартираҳо задем. Баъд, вақте ки аз балконҳо баромада дидем, саги паъати девона аз бинои мо хеле дур шуда, паҳлуи соҳибакаш бозикунон мерафту мерафту мерафт.
Рости гап, ҳайвон гуфта хотиашро дидем. Набошад, як саг чӣ ҷоне дорад? Лах-лах реза карда мепартофтем.

Неъматулло Худойбахш
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: