Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шоир (хикояи вокеи)

Шоир (хикояи вокеи)

2-05-2017, 10:30
Хабарро хонданд: 689 нафар
Назарҳо: 0
Шоир                  (хикояи вокеи)
Марди миёнаќади жулидамў, ки чехраи рангпаридаи пурожанг дошт, атрофи симчўби сари рох даврзанон, пой мекуфт ва бо овози на он ќадар баланд сурудеро зам-зама мекард.
- Як, ду, се, ху, ху…

Агар он турки шерози ба даст орад дили моро..
Ба холи хиндуяш бахшам Самарќанду Бухороро.

Мард танхо ду мисраи ѓазали Хофизро гаштаю баргашта хонда пой мекуфт. Ва хамоно гирди симчўб давр мезад.
Рохгузарон яке ба ў бо нигохи хайратомез менигарист, дигаре бошад эътибор надода аз наздаш мегузашт.
Духтарчаи таќрибан панч-шашсола аз дасти модар дошта хайратомез ба мард нигох кард:
- Оча, ин кас ки? – пурсид аз модар.
- Девона духтарам.
- Маст барин суруд мехонад ку, оча.
- Масту девона як хел.
- Пас дадачонам хам девона?
- Ин хел нагўй духтарам.
- Охир дадачонам хам баъзан маст хона меоянд ку?

Модар табассумкунон сари духтарчаашро сила кард ва бо овози паст гуфт?
- Фарзанд харгиз падарашро девона намегўяд.
- Барои чи – духтарак чашмонашро калон кўшода ба модар нигарист.
- Барои он ки падарат туро дўст медорад – чавоб дод модар.
-Оча девонахо духтар доранд?-духтарча боз пурсид аз модар
Ин дафъа модар чизе гуфтанашро надониста аз дасти духтарчааш дошт ва табассумкунон ки китф дар хам кашид ва хар ду аз назди мард дур шуданд.
Мард хамоно пойкубон зам-зама дошт.
- Як, ду, се, ху, ху…

Агар он турки шерози ба даст орад дили моро,
Ба холи хиндуяш бахшам Самарќанду Бухороро.

Як, ду, се, ху, хзу…
Агар он…
Марди миёсоли ќоматбаланд, аз тўдаи тамошобинон чудо шуда наздик омад.
- Ха, Искандар, чи хели? – гўён ба ў даст дароз кард.
Девона аз сурудхони боз истода бо нигохи тираомез хамрохаш вохўри кард.
- Ба фикрам маро нашинохти.
Ман Баходурам, Бањодур… - гўён марди ќоматбаланд худро шиносонд.
- Медонам, ту Баходури ќачаки, хамрохам кор мекарди.-Ха..ха..ту хари...- Тарсўии девона аз байн рафт.
Тамошобинон хандиданд ва боз девонаро авзояш бељо шуда ба пойкуби даромад.
- Ман артистам, ман артистам…
Як, ду, се, ху, ху…

Агар он турки шерози ба даст орад дили моро,
Ба холи хиндуяш бахшам Самарќанду Бухороро.

Марди ќоматбаланд шармида ќафо гашт ва аз дур каме ба девона нигох карда бо овози паст ба рафиќи дар пахлўяш буда гуфт:
- Ин девона шоир буд, охо замоне ба ќавле «гримит» мекард.
- Пас чаро ў девона шуд?
- Ба гуфте ўро саг газидааст.
- Чи хел?
- Эх бародар, аз дасти душман хама кор меояд. Марди ќоматбаланд, андаке хомўш монд ва андешаманд ба девона нигаристу суханашро идома дод:
- Зан, фарзанд, бародару хохар хам дорад, аммо касеро парвои ў нест. Шабро дар чойхона рўз мекунад аз касе пул намегирад.
Марди ќоматбаланд, охи сарде кашида аз миёни анбўхи тамошобинон баромада рафт.
Њамсўхбаташ бо нигохи суоломез ба девона якчанд лањзаи дигар нигариста ў низ ба самте рахсипор шуд.
Девона хамоно пойкўбон суруд мехонд.
Як, ду, се, ху, ху…
Агар он турки…
Гўё ба дили тамошобинон сурудхонияш зад, ки онхо низ як-як аз наздаш дур шуданд. Танхо чанд кўдаки бепарастори кўчаги бо ў монданд.
Девона низ аз пой кўфтан монд. Ва рох ба сўи чойхонаи Шодмонбой пеш гирифт.

Искандар зери лаб бо овози ношунаво пичир-пичиркунон роњ мерафт. Ў аз назди ахлоттўдахои сари кўча мегузашт. Чашмаш ба пораи китобе афтод, ки байни ахлоттўдахо мехобид. Искандар пораи китобро бардошт, ин пораи мачмўаи нахустини ашъораш буд. Бо овози баланд ќо-ќох зад. Саги аз ў дуртар, ки аз ахлоттўдахо чизе ёфта мехўрд, аз хандаи Искандар харосид ва ба ў норозиёна нигох кард, аммо баъдтар ба ў дигар эътибор надод.
Искандар аз хандааш боз истода пораи китобро ба чайби шими бар хок чўлонидааш андохт.
Зери пояш пораи гўшти кирмзадаро дида андаке хўсид ва сипас бо почааш онро зад. Гўштпора аз ахлоттўда берун афтод. Искандар ба назди гўштпора омад ва ба кирмхо нигох кард. Онхо гўшти њаромро харисона мехўрданд. Лабони Искандар ба чумбидан даромад:
- Хайр хўрдан гиред, гўштпора, ки тамом шуд хатман якдигарро мехўред. Аз умратон кам мондааст- Искандар аз пештара дида боз баландтар хандид. Саги байни ахлоттўда буда, сўяш беибо ба чакидан даромад.
Як, ду, се, ху, ху…

Агар он турки шерозї ба даст орад дили моро,
Ба холи хиндуяш бахшам Самарќанду Бухороро.

- гўён Искандар боз ба рох даромад.
Ба чойхона расид. Чун хамешагї чойхоначи амаки Шодмонбой ўро дар кунчаке шинонда барояш чою нон ва як коса шўрбо овард.
Амаки Шодмонбой марде буд, таќрибан шастсола. Болобаланд ва ришу мўйлаби кўтохи сурхранг дошт. Ин мард Искандарро ханўз аз давраи солим буданаш шинохта эњтиромаш мекард. Як коса шўрбою як бурда нонро хеч гох аз ў дареѓ намедошт.
Искандар харисона ба хўрдани шўрбо сар кард. Хар бинанда гумон мекард, ки ў чанд рўз боз пораи ноне нахўрдааст.
Ин рафторашро аз дур чавоне синчакорона назорра мекард.
Амаки Шодмонбой гўё ин рафтори чавонро дида бошад, ки дар даст чойнаки чой ба наздаш омад.
- Ха, Идибек наѓз-ми ту, имрўз дарсатон буд?
- Бале амаки Шодмонбой – чавон нигохашро аз Искандар канд ва илова намуд:
Амак, хамин мардакро њамеша дар чойхонаи Шумо мебинам. Кї бошад?
- Як девона – амак кўтохакак чавоб дод.
- Девона? Чї хел?
- Бале, лекин дар ваќташ шоир буд.
- Шоир? Ачоиб… Амак бигўед, чаро шоир девона шудааст?
- Идибек, медонам, ки ту њам адиби хавон хасти ва ба хар ходисоти воќеоти рухдода таваччўхи хоса дори, аммо чони амак, ман хозир ваќти наќли ќиссаи ин шоирро надорам.
- Агар бегох биёям, ваќт доред – боз пурсид чавон.
- Бегох, мархамат омадан гиред – амак инро гуфту аз назди љавон дур шуд.
Хамон бегох Идибек ба назди амаки Шодмонбой омад. Ў чойнику пиёларо шўста љо ба љо мекард.
- Ха писарам омадї? Мархамат шинед. Ў курсиро дароз кард ва ба суханаш идома дод – Бубахш, ки бо Шумо дар ин чо сўхбат мекунам. Аммо чи илоч, кор аст, аз чамин дўкон рисќу рўзиамро меёбам.
- Амак, ман ба бахшиши шумо лоиќ нестам, баръакс шумо маро бубахшед. Ки ваќтатонро мегирам.
Дар лабони амак табассум чувайдо гардид. Ў охирин чойнаки шўстаашро бо сачоќи дар наздаш буда пок карда, андешаманд ба сухан даромад:
- Солхои 70-ум буд. Девонае, ки дар борааш донистан мехохи, ана дар хамин Донишгохе, ки холо ту мехони тахсил мекард ва чун ту баъзан сахару нисфирўзї ба чойхона меомад. Хо, ачаб чавони хушчаќчаќ буд. Баъзан бегохихо омада баъди кор хамрохамон хазлу шўхихо мекард, латифањо мегуфт ва шеърњои ба тозагї навиштаашро ба ман мехонд. Ман њамон давра бисту панљ сола будам ва хамрохи рахматии падарам кор мекардам. Падарам, шеърро хеле дўст медоштанд ва баъзан худашон эчод њам мекарданд. Аз ин рў таваччўхашон ба ин чавон хеле зиёд буд. Ёд дорам, ки хамон давра мачмўаи нахустинаш чоп шуда буд ва китобашро ба падарам тўхфа намуд.
Хамон рўз аз чашмонаш нур мерехт. Кўдаквор ба падарам салом гуфт:
- Ассалом, амаки Сайёд!
- Салом, салом, шоир. Мебинам, ки имрўз хеле шод менамої.
Падарам хамеша ўро шоир гуфта ном мебурд. Агарчанде, ки номаш Искандар ва ба худаш мувофиќ буд.
Баъди чоп шудани маљмўаи шеърхояш, акнун атрофиёнаш ба ў дигар хел нигох мекарданд. Азбаски, чойхона дар назди Донишгох чойгир аст, донишљўён мизочони асосии мо буданд. Баъди хатми Донишгох Искандар ба ноњияашон ба кор рафт, аммо соле баъд боз ба шахр гашта омад. Баъдтар мо фахмидем, ки падараш котиби райком будааст ва дар вазифахои гуногуни партияви кор мекардааст. Он ваќт котиби райком будан вазифаи хеле баланд буд, аммо мо боре нафахмида будем, ки ў писари фалонча аст. Хулоса Искандар муќимии шахр шуд.
Мохе як маротиба ба аёдати падарам меомад.
Баъди чанде у сохиби духтарча шуд ва Искандар моро ба хонааш даъват намуд ,зиёфати калон орост.Хамон руз мо бори аввал бо падари Искандар шинос шудем.Падараш марди халиму мехрубон буд.
Рузи дигар бо Искандар дар куча вохурдам.У хеле шод буд:
-Акаи Шодмон ба наздики маро ба Афгонистон,барои кор мефиристанд.
-Чи тавр,охир дар Афгонистон чанг-ку?!-гуфтам ба у.
-Ваъда карданд,ки манн ба хайси тарчумон дар Лонишкадаи тибби кор хохам кард.
-Агар ин хел бошад хуб,аммо метарсам ,ки боз фиреб нахури…
…Таи ду сол Исмкандар дар Афгонистон кор намуд,сипас ба ватан баргашт.Ана баъди бозгашт ба ватан ба ин бемори гирифтор шуд. Падараш чи кадар барои шифои у захмат кашид,аммо хамааш бенатича .Баъди чанде ягона такягохаш,падраш дунёро падруд гуфт.Модараш хануз дар айёми тифлиаш фавтида буд.
Идибек, ки то ин дам бо тамоми хиссиёт ба наќли амаки Шодмонбой гўш меандохт, сухани ўро бурида пурсид:
- Амак, ў духтарашро мешиносад?
- Намедонам, хар ваќте ки Сочидаро мебинад, хомўш мемонад, чизе намегўяд. Ин лахзахо сагеро мемонад, ки назди сохибаш гунахгор аст.
Духтараш хар мох ба ман маблаѓи муайяне медихад ва аз ман хохиш мекунад, ки ўро нигоњу бин кунам. Харчанд ман аз ў маблаѓе гирифтан намехохам, аммо маро ба холам намегузорад, мегўяд, ки:
- Замона дигар шудааст. Хайр чм хам мегуфтам писарам, дар хаќиќат замона дигар шудааст.
Идибек боз чизеро пурсидани буд, аммо аз чи бошад, ки худдори кард.
Амак аз чояш хеста, дастонашро шўст. Чавон ба соати дасташ нигарист. Аќрабаки он дахро нишон медод.
Хайр амаки Шодмон ман рафтам, барои сўхбататон рахмат. Идибек ба берун баромадан хост, ки ногох чашмаш ба Искандар афтод, ки болои кати кунчаки чойхона аз оламу одам бехабар масти хоб аст.
Аз радиои чойхона ки дар назди амаки Шодмон буд, садои наттоќ ба гўши Идибек расид.
Шумо шеърхои шоир Искандари Сафроиро шунидед.
Дар хамич гуфтори адабиамон ба итмом мерасад. Хайр шоду пирўз бошед.
Чавон паст хандид…
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: