Мулоқот бо маорифчиён15-06-2017, 09:20
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶАКЕНТ. Дар арафаи таҷлили 20 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент бо иштироки сарварони мактабҳо, нозирон ва мушовирони шуъбаи маориф ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Ҷамъомадро мудири шуъбаи маориф, раиси ташкилоти ҳизбии маорифчиён Шарофзода Қ. оғоз бахшида оид ба ҷашнҳои фархундаи соли 2017 сухан ронд. Ӯ доир ба пешравиҳои соҳаи маориф дар солҳои истиқлолият, дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, баланд гардидани сифати таълиму тарбия, иштироки фаъолонаи хонандагон дар Олимпиадаҳои фаннӣ ва кормандони соҳаи маориф дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, саҳми назарраси маорифчиён дар пешбурди корҳои ҳизбӣ ва иҷрои талаботи Оинномаи ҲХДТ андешаронӣ намуд. Дар маҷлис мудири шуъбаи тарғибот ва итиллооти кумиҷроия Лутфуллоев Б. иштирок ва оид ба Ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва илму ҳунаромӯзӣ сухан гуфт.
Дар ҷамъбасти маҷлис аз аҳли маориф хоҳиш карда шуд, ки дар маъракаи обуна барои соли 2018 ба рӯзномаҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, нақшаи пешниҳодшударо саривақт иҷро намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.