Маориф-самти пешбарандаи ҷомеа27-07-2018, 08:13
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Деваштич бахшида ба оғози соли нави таҳсил Шӯрои омӯзгорон баргузор гардид. Мудири шeъбаи маориф Зикрулло Иброҳимов қайд намуд, ки соли таҳсили сипаришуда, тамоми омӯзгорон саъю кушиш намуданд, ки сатҳу сифати дониши хонандагонро дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардоранд.. Самараи меҳнати устодон буд, ки имсол тариқи Макази миллии тестӣ хонандагон нисбати соли гузашта ба мактабҳои олӣ ҳаҷҷат супориданд. Дар баробари муваффаrиятҳо як қатор камбудию норасогиҳо низ ба назар мерасиданд. Омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли хониши 2018-2019 мувофиқи мақсад ба роҳ монад шуда, таъмири куллии муассисаҳо, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва лавозимотҳои хониш, инчунин омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мувофиқи идома дорад. Муовини Раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода зимни баромад доири бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта сухан кард, мутасаддиёнро вазифадор намуд, ки дар соли нави хониши 2018-2019 барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии хонандагон, тарбиятнокии онҳо аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешанд. Лоиқ Тӯйчиев- мутахассиси шуъбаи таблиғоту иттилооти КИҲХДТ н.Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.