Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Конференсияи «Маорифчиён»-и шахри Норак

Конференсияи «Маорифчиён»-и шахри Норак

28-08-2017, 10:00
Хабарро хонданд: 62 нафар
Назарҳо: 0
 Конференсияи                                                            «Маорифчиён»-и шахри Норак
Дар қасри фарҳанги шаҳри Норак конференсияи августии кормандони шуъбаи маорифи шаҳри Норак баргузор гардид. Машваратро раиси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён», мудири шуъбаи маорифи шаҳр Исмоилов Алимурод кушада, меҳмононро ба ҳозирин муарифӣ намуданд.
Дар машварат Аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон-Алимардонов Сафармуҳаммад, Сардори Нозироти андоз дар шаҳри Норак–Хоҷаев Назурулло, мудири шуъбаи таблилоғот, иттилоот ва матбуотӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Савзалӣ Зоиров ва зиёда аз 725 нафар омӯзгорону аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» иштирок намуданд.
 Конференсияи                                                            «Маорифчиён»-и шахри Норак
Исмоилов Алимурод дар маърӯзаи худ оид ба фаъолияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли таҳсили 2016-2017 ва вазифаҳои барои соли таҳсили 2017-2018 маълумоти мушаххас дод.
Сипас баҳри табрикоти омӯзгорон барои оғози соли нави таҳсили 2017-2018 сухан ба аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ, муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, дода шуд. Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, аз бурдбориҳо ва фаъолияти кории назарраси соҳаи маориф дар таълиму тарбияи насли наврас баҳои арзанда дод.
Инчунин даъватшудагон Алимардонов Сафармуҳаммад ва Хоҷаев Назурулло омӯзгоронро барои оғози соли нави таҳсили 2017-2018 табрик намуданда, ба онҳо барои фаъолияташон бурдбориҳо тамано намуданд
Аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, ва Иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи шаҳр омӯзгоронро бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шудаанд.



Мудири шуъбаи таблиғотӣ
Иттилоотӣ ва матбуотӣ С.Зоиров

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: