Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ғолибияти донишҷӯи коллеҷи технологӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии ҳарбӣ-ватандӯстӣ

Ғолибияти донишҷӯи коллеҷи технологӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии ҳарбӣ-ватандӯстӣ

19-06-2017, 09:17
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Ғолибияти донишҷӯи коллеҷи технологӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии ҳарбӣ-ватандӯстӣ
КОНИБОДОМ. Бо мақсади тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонону наврасон, омода намудани онҳо барои дифои Ватани аҷдодӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеа, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва бахшида ба «Соли ҷавонон» дар маркази кишвар — шаҳри Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид.Мусобиқа дар маҷмааи варзишии варзишгоҳи Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилии ҶТ доир гардида, байни донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёнаи касбии ҷумҳурӣ сурат гирифт. Озмун аз рӯи 10 шарт гузаронида шуда, ҷавонони зиёдро ҷамъ овард. Дӯстдорони варзиш ва машқҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногун маҳорат нишон дода, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар мусобиқа аз шаҳри Конибодом донишҷӯёни коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров фаъолона ширкат варзиданд. Донишҷӯйи курси 1-уми коллеҷ Ашӯров Нодирҷон дар намуди «Турниккашӣ» ғолиб гардида, медали тилло ба даст оварда, бо дипломи дараҷаи 1-ум сарфароз гардид. Инчунин, донишҷӯи коллеҷи мазкур Фозилов Иброҳим дар намуди дигари сабқат – «Ҷобаҷокунии қисмҳои автомати Калашников» чолокиву зиракӣ нишон дода, соҳиби ҷойи чорум ва Ифтихорнома гашт. Ин ғолибияти ҷавонон дигар наврасону ҷавононро низ бетараф нагузошта, ба иҷрои машқҳои варзишӣ, пайваста машғул будан ба намудҳои гуногуни варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва чусту чолокӣ ҳидоят хоҳад кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: