Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Варзиш – гарави саломатӣ

Варзиш – гарави саломатӣ

25-02-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 370 нафар
Назарҳо: 0
Варзиш – гарави саломатӣМувофиқи нақшаи кории ТҶҶ «Созандагони Ватан ва комиссияи кор бо ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қумсангир бахшида ба ҷашни Иди Наврӯз ва 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Қумсангир, аз рӯи намуди футбол мусобиқаи варзишӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия, таҳти шиори «Варзиш-саҳнаи номуси миллат» гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкориҳо, бештару беҳтар ба таҳсили илм фаро гирифтани онҳо, ташаккули ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ояндаи ободу осудаи кишвар мебошад.

Дар мусобиқаи варзишӣ 18 дастаи футболи муассисаҳои таълимӣ байни худ қувваозмоӣ намуданд, ки муассисаҳои таълимии № 17, 6 ва 10 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар анҷоми мусобиқа дастаҳои ғолиб бо мукофотҳои таъсиснамудаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва комиссияи кор бо ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қумсангир сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: