Ҳашар ба истиқболи Рӯзи Конститутсия31-10-2015, 16:06
Хабарро хонданд: 457 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 31-уми октябр таҳти роҳбарии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, фаъолону ҷонибдорони ҳизб дар 58 деҳа ва 11 маҳаллаи шаҳраки Фархор ҳашари умумӣ сурат гирифт.
Зимни ҳашар ҳашарчиён ба тоза кардани роҳу кӯчаҳо, аз хок ва лойқа, тоза кардани ҷуйборҳо ва новаҳои (лотокҳои) бетонии обгузар, ба тартиб овардани гулу гулбуттаҳо, кашонида бурдани партовҳо ва дигар корҳои муҳим машғул шуданд. Дар мачмӯъ дар ҳашари умуминоҳиявӣ бештар аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандони синну соли гуногуни ноҳияи Фархор иштирок намуданд. ©Кумитаи иҷроия дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.