Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷалби ҷавонон баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ

Ҷалби ҷавонон баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ

15-06-2017, 13:21
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Ҷалби ҷавонон баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 - «Соли ҷавонон» боиси ифтихору сарфарозии ҳар пиру барнои ноҳияи Деваштич гардидааст. Имрӯзҳо дар миқёси ноҳия дар асоси нақшаҳои алоҳида чорабиниҳои гуногуну рангини фарҳангию варзишӣ, маърифатию сиёсӣ баргузор гардида истодааст. Зеро аксарияти насли ҷавони ноҳия аз боварии Пешвои миллат руҳбаланд гардида, бо ташаббусу иқдомҳои тоза ба тоза рӯи саҳнаи созандагиву эҷодкорӣ устуворона қадам ниҳода истодаанду волидайни онҳо бо ифтихормандӣ ва шукронаи даврони соҳибистиқлоливу замони Ваҳдати миллӣ баҳри камолоти солеҳи фарзандони худ диққати аввалиндараҷа дода истодаанд. Чи тавре, ки Сарвари давлат зикр намудаанд: «Ҷавонон нерӯи солиму созандаи миллату давлат мебошанд» ва чи тавре, ки дар урфият мегӯянд: «Фарзанди нек боғи падар».
Имрӯз низ, баҳри хотирмон таҷлил намудани 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва чун ҳамешагӣ такя намудан ба иқтидори бунёдкоронаву солими насли наврасу ҷавон, дар ноҳияи Деваштич тибқи нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории мулоқоту суҳбатҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ оғоз гардид. Мулоқоту суҳбатҳо бо иштироки оммаи васеъ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонону бонувон барпо гардида, дар руҳияи самимияту идона ва бо намоиши барномаҳои фарҳангӣ баргузор шуда истодаанд.
Мулоқоти аввалин дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо иштироки сокинону фаъолони деҳоти Яхтан, Хуштоири Мухлон, Хӯҷа Тоҳир, Бахт, Боғистон, Лолазор ва Даштикон барпо гардида, дар он Дилафрӯз Саидӣ - сарвари Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Абдулло Ғафуров – мудири шӯъбаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаррух Мақсудзода – сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Расулҷон Солиҷонов – профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Иброҳим Ҷабборов – мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Комрон Исмоилзода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич маърӯзаю баромадҳои пурмуҳтаво ва самимӣ намуданд.Ҷалби ҷавонон баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ

Вохӯриҳоро муовини Раиси ноҳияи Деваштич Бунафша Ғиёсиддинзода ифтитоҳ намуда, доир ба марому ҳадафҳои баргузорӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлоливу Ваҳдати миллӣ як ба як ҳарф зада, бори дигар муваффақиятҳои сокинони меҳнатқарини диёри зебоманзари ноҳияи Деваштичро хотирнишон намуд ва дар хотимаи суханронии хеш баён дошт, ки тамоми дастовардҳои ноҳия ин нишонаи ҷонибдории сиёсати сулҳпарваронаву ватандӯстонаи Роҳбари давлат мебошад.
Маърӯзачиён дар баромадҳои хеш аз пояндагиву пойдории Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, нақши Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон, аз саҳми ҷавонон дар рушду инкишофи ояндаи дурахшони ҷомеаву давлат, аз дастовардҳои даврони истиқлолият, аз вазифаҳои дар пеш истода маърӯзаҳо намуда, бо аҳли ҷамъомадагон вохӯриву суҳбатҳои самимиро роҳандозӣ намуданд.
Сарвар Саидов
Роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: