Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Ваҳдати оила»

«Ваҳдати оила»

15-06-2017, 12:12
Хабарро хонданд: 655 нафар
Назарҳо: 0
«Ваҳдати оила» мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳриПанҷакент гурӯҳи сайёрии «Ваҳдати оила» ташкил карда шуд. Маҷлиси тадорукоти гурӯҳро раиси кумитаи иҷроя М. Шукурзода оғоз бахшида иброз дошт, ки мақсади таъсиси гурӯҳи мазкур корбарӣ дар байни аҳолӣ оиди ба танзим даровардани масъалаҳои пешгирии хушунат дар оила, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омӯзиши таҷрибаи оилаҳои намунавӣ, баробарҳуқуқии марду зан дар оила, масуъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, одоби муошират ва либоспӯшии миллӣ, рушди ҳунарҳои халқӣ, ҷалби занон ба корҳои ҳунармандӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон ва бонувон мебошад. Дар маҷлис бо тавсияи раиси кумиҷроия муовини раиси кумиҷроия Тошева Парвина, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Холова Ҳамида, ҳуқуқшинос Исоева Дилфуза, равоншинос Бобобекова Нозира, рӯзноманигор, Худойбердиева Гулбаҳор, омӯзгори мтму №1- и шаҳр Ҳотамова Умеда, корманди кумиҷроияи шаҳрӣ Замонова Ҳамзира ва ходими дин Ғафоров Маҳмадамин ба гурӯҳ шомил гардиданд . Дар кумиҷроия телефони боварӣ ташкил карда шуд. Ҳайати гурӯҳ тасмим гирифтанд, ки дар як моҳ ду маротиба ба маҳалҳо ва дурдасттарин деҳаҳо рафта дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ мегузаронанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: